Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ГУРУҲИ БУЗУРГИ ҚОЧОҚБАРОНРО ЗИНДОНӢ КАРДАНД



Абдуқайюми Қаюймзод



Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи парвандаи ҷиноии як гуруҳи созмонёфтаи ҷиноиро, ки ба қочоқ ва интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир машғул будааст, ба анҷом расонид ва аъзои ин гуруҳро аз ёздаҳ то ба бист сол аз озодӣ маҳрум сохт.

Анварҷон Аҳмадов - додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, масъули муҳокимаи парвандаи мазкур гуфт, ин гуруҳ тайи чанд муддати фаъолиятҳои ҷиноӣ аз пойтахт ва вилояти Хатлон тавассути роҳи гарданаи Анзоб ба шаҳри Хуҷанд маркази устони Суғд, воқеъ дар қимати шимоли кишвар маводи мухаддир интиқол медодааст.

Додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон афзуд, ки ин гуруҳи ҷиноӣ дар интиқоли ҳероини ба миқдори махсусан бузург мутаҳҳам дониста шудааст. Тибқи иттиллоъи ҳамин манбаъ, дар пайи як амалиёти вижаи кормандони амният ва умури дохилаи кишвар дар моҳи феврали соли равон аз манзили зисти Нуруллоҳ Эгамов яке аз аъзои ин гуруҳ сокини деҳаи Анзоби ноҳияи Айнӣ воқеъ дар саду даҳ километраи пойтахти Тоҷикистон 340 кило ҳероин кашф ва мусодира мешавад.

Вале дар натиҷаи идомаи амалиёти фаврии кормандони амният қисмати боқимондаи ҳероини мутааллиқи ҳамин гуруҳ аз пойгоҳи обуҳавосанҷии ағбаи Анзоб дар моҳи марти соли равон ошкор ва мусодира шудааст. Дар ҳамин ҳол афроди асосӣ ва ё соҳибони аслии ин миқдори маводи мухаддир Нуриддин Ҳусейнов, сокини ноҳия Варзоб роҳбари гуруҳ, Мирзооқил Оқилов - корманди умури дохилаи ноҳияи Айнӣ, роҳбалад Холаҳмад Боронов - сокини Кулоб - сарнозири пешини кумитаи андози ҷумҳурӣ дар ноҳияи Зафаробод дар озодӣ ба сар мебаранд ва аз тарафи мақомоти интизоми Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ва аммо Анварҷон Аҳмадов - масъули муҳокимаи парвандаи ҷиноии ин гуруҳи созмонёфтаи қочоқбари маводи мухаддир гуфт, ин барои нахустин бор аст, ки дар Додгоҳи Олии Тоҷикистон парвандаи ҷиноии қочоқбарони ба миқдори махсусан бузург баррасӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG