Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СОХТМОНИ ПУЛИ НАВИ БУЗУРГ ШУРУЪ МЕШАВАД



Раҳматкарими Давлат



Абдуҷалол Салимов - вазири нақлиёти Тоҷикистон - рузи ҷумъа, 26 декабр зимни як нишасти хабарӣ гуфт, сохтмони пул бар фарози рудхонаи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар моҳи марти соли оянда, яъне то се моҳи дигар оғоз хоҳад шуд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон афзуд, раёсати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ, рузи 26 декабр тарҳи созишномаҳои миёни Тоҷикистон бо Афғонистон ва Иёлоти Муттаҳидаро дар бораи сохтмони пуле бар фарози рудхонаи Панҷ баррасӣ ва таъйид карда ва онро барои қабули қарор дар ин замина ба ҷаласаи умумии ҳукумат ироа кардааст.

Оқои Салимов гуфт: "Ин лоиҳа дар ҷаласаи раёсат тасдиқ шуд ва боварии комил дорам, ки дар ҷаласаи ҳукумат қарор қабул карда мешавад. Мутобиқи созишномаи байни Тоҷикистон ва Амрико кор бояд моҳи март оғоз шавад."

Музокироти муқаддамотӣ дар заминаи бунёди ин пул миёни се кишвар анҷом шуда ва тавофуқи усулии он ҳосил шудааст. Бар асоси тавофуқоти қаблӣ, ҷониби Иёлоти Муттаҳида сармоягузории ин пулро бар уҳда гирифтааст. Қарор аст, созишномаи мазкур дар ибтидои моҳи январ ба имзои ҷонибҳо бирасад.

Ин пул ба дарозии 600 метр дар минтақаи мавсум ба Панҷи поён ва ё Шерхонбандар бунёд мешавад ва гузаргоҳи байналмиллалие миёни Тоҷикистон бо Афғонистон хоҳад буд. Феълан дар ин гузаргоҳ барои интиқоли мусофирон ва молу коло аз пули муҳаррик истифода мешавад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин фаъолияти ин вазоратхонаро дар соли ҷории мелодӣ бисёр бо муваффақият арзёбӣ кард ва гуфт, вазорати нақлиёти кишвар дар ин сол муҳимтарин тарҳҳои роҳсозӣ ва иртиботиро тавонистааст амалӣ кунад.

Абдуҷалол Салимов ҳамчунин хабар дод, ки ширкати эронии Собир низ ба сохтмони нақби Анзоб дар ду рузи пеш оғоз карда ва қарор аст, дар зарфи 20 моҳи оянда сохтмони нақби Анзобро ба анҷом расонад. То кунун яку ним километри ин нақб аз ҷониби ширкатҳои Тоҷикистон канда шуда ва ҳудуди сеюним километри дигари он боқӣ мондааст.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, дар поёни имсол ба манзури мумфарш кардани роҳҳои сохташаванда, хусусан роҳи Кулоб-Хоруғ корхонаи тавлиди муми Колхозобод бо сармоягузории дохилӣ дубора фаъол сохта шуд ва омодааст, дар сурати итмоми кори муқаддамотӣ тамоми сохтмони ин роҳро ба мум таъмин кунад.

Ба гуфтаи оқои Салимов, Тоҷикистон ахиран муваффақ шудааст, роҳи Қулма-Қароқурум, ки Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, чун роҳи транзитӣ ба харитаи роҳҳои байналмиллалӣ ворид кунад ва ин роҳ дар моҳи май расман ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG