Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ШОҲРОҲИ МУҲИМЕРО ТАРМИМ МЕКУНАНД



Искандари Хоҷа Мирзода



Бонки Осиёии Рушд иттилоъ дод, ки дар чорчуби эҳёи роҳҳои мошингарди Тоҷикистон тақдими 15 миллион доллар қарз ба тармими роҳи Душанбе - Қирғизистонро, ки аз водии Рашт хоҳад гузашт, баррасӣ мекунад. Ба навиштаи кормандони бонк, татбиқи ин лоиҳа шароит фароҳам меорад, ки нархи хадамоти нақлиётии сокинони шарқи Тоҷикистон коҳиш ёфта, дар минтақае, ки 91 фоизи аҳолии он бекор аст, дастрасии сабуктар ба бозорҳо ва ҷойҳои нави корӣ пайдо шаванд.

Ҳамзамон бо тармими 140 километр шоҳроҳи миёни Душанбе ва Нуробод, тибқи ин лоиҳа 77 километр роҳҳои деҳот таъмиру тармим ва ба шоҳроҳ пайваст мешаванд. Асалн нархи умумии лоиҳа 23, 6 миллион доллар буда, дар баробари 15 миллиони Бонки Осиёии Рушд, ҳукумати Тоҷикистон дуву аз даҳ шаш миллион доллар ва созмони кишварҳои содиркунандаи нефт ОПЕК шаш миллион доллар сармоягузорӣ мекунанд.

Раиси намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон хонум Касука Мотомура дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин барномаи тармими роҳ, аниқтараш тармими бахше аз роҳаст, ки шаҳри Душанберо бо марзи Қирғизистон мепайвандад. Қиммати ин барнома ба 15 миллион доллар баробар аст. Ва Бонки Осиёии Рушд барои иҷрои ин нақша қарз хоҳад дод. Ин роҳ имкон медиҳад, ки рафтуомад бо шимоли Тоҷикистон, осонтар шавад. Ҳамзамон ин роҳ рафтуомади Тоҷикистонро бо ҳамсоякишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Чин осонтар мекунад. Татбиқи барнома як бахше аз лоиҳаҳои минтақавии Бонки Осиёии Рушд аст. Бонки Осиёии Рушд ҳамкории минтақавиро дар кишварҳои дур аз соҳилҳои баҳр, ба монанди мамолики Осиёи Марказӣ ва ба хусус Тоҷикистон калиди тараққии кишвар ва минтақа мешуморад. Аз ин ру, дар тарҳрезиву иҷрои стратегияамон дар нисбати Тоҷикистон мо ба тараққии минтақавӣ таваҷҷуҳ дорем."

Иҷрои барнома ба уҳдаи вазорати нақлиёти Тоҷикистон вогузор мешавад. Бояд гуфт, ки ин аввалин барномаи Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон намебошад. Қаблан ин муассисаи байналмилалии молӣ дар таъмири шоҳроҳи Душанбе - Кулоб ва Душанбе - Қурғонтеппа иштирок карда буд.

XS
SM
MD
LG