Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат:"Рузномаҳои давлатиро бихонед!"



Ҷалолиддини Фарҳодӣ

Мансабдорон ҳатто кишоварзону мактаббачагонро маҷбур мекунанд, ки ба рузномаҳои давлатӣ обуна шаванд.

Дар Тоҷикистон маъракаи обунаи иҷборӣ ба газетаҳои давлативу ҳукуматӣ идома дорад. Бо дархости ҳукумат, вазоратҳои дахлдор ва ҳатто президенти кишвар ҳукуматҳо, корхонаҳо, макотиб ва колхозҳо муваззаф шудаанд, ки ба ин ё он газета обуна шаванд.

Ба унвони мисол тибқи номаи расмии президент Раҳмонов ҳукуматҳо бояд ба рӯзномаи "Ҷумҳурият"- органи расмии ҳукумати Тоҷикистон обуна шаванд. Танҳо ҳукумати шаҳри Кӯлоб то нимаи моҳи декабри соли ҷорӣ ба маблағи 17 ҳазору 111 сомониву 25 дирам ба 316 нусха газетаи "Ҷумҳурият" обуна шудааст. Ин дар ҳолест, ки газетаи расмии ҳукумат бо Тоҷикматбуот - Союзпечати қаблӣ шартномаи интиқоли газетаҳоро ба минтақаҳо набастааст ва оё ҳамин газета ба дасти муштарӣ мерсад ё на норушан аст.

Корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб беш аз 12.000 сомонӣ пули нақд, ҳудуди 4000 доллари амрикоиро бо мусофирбар оварда, ба дасти ходимони газета додааст. Дар ҳамин маврид, дигар нашрияҳо бо ҳар роҳу восита ба ҳукуматҳо фишор меоранд, ки ба газетаҳои мухталиф обуна шаванд. Барои мисол барои обуна ба "Садои Мардум" - органи Маҷлиси Миллӣ номаи Сайдулло Хайруллоев - раиси Маҷлиси Намояндагон, барои обуна ба "Омӯзгор" имзои Сафаралӣ Раҷабов - вазири маориф ва дигару дигар кифоя аст. Дар маҷмӯъ танҳо ҳамон ҳукумати шаҳри Кӯлоб муваззаф шудааст, ки аҳолиро ба маблағи 89000 сомонӣ-ҳудуди 30.000 доллари амрикоӣ обуна кунад. Ин дар ҳолест, ки дар минтақа қариб ягон коргоҳи саноатӣ фаъол нест ва маъоши ягон корманди ҳукумат, колхозу совхозҳо барои обунаи ҳамон газетаи "Ҷумҳурият" намерасад. Зеро агар маоши миёна дар кишвар ҳудудан 3 доллар бошад, қиммати як нусхаи "Садои Мардум" ва ё "Ҷумҳурият" мутаносибан 45 ва 39 сомонӣ ё худ 13-15 доллари амрикоист.

Масъулини маъракаи иҷбории обуна ҳатто аз қишри ба истилоҳ хеле нодори аҳолӣ - колхозчиву донишҷӯ ва муҳассилини макотиби ҳамагонӣ сарфи назар накардаанд. Сафар Алиев -як донишҷӯи донишгоҳи маҳаллӣ мегӯяд, бо ин роҳ масъулин ҳуқуқи ҷавононро поймол мекунанд: "Онҳо на танҳо донишҷӯён балки мактаббачагонро ҳам маҷбур мекунанд, ки ба газетаҳо обуна шаванд. Ба фикри ман дар кишвари мо бояд ин хел набошад, зеро ин қонунвайронкунӣ аст ва ҳуқуқи ҷавононро вайрон мекунанд."

Дар бастагӣ ба мавзӯъ то имрӯз омори расмӣ мавҷуд нест. Ва касе гуфта наметавонад, ки ҳукуматҳо дар вилояти Хатлон ба чанд нусха газетаи ҳукуматӣ ва ба кадом маблағ обуна шудаанд. Аммо бо ин далел, ки дар вилоят беш аз 20 ноҳия аст ва онҳо ҳадди ақалл барои 50.000 сомонӣ ба нашрияҳо обуна шуда бошанд, метавон тахмин зад, ки маблағи обунаи иҷбории имсола на камтар аз 1 миллион сомонӣ мебошад. Ва ҳамаи ин пул ба хазинаи газетаҳое ирсол мегардад, ки хонандаи кам доранд. Назаршиносон мегӯянд, газетаҳои расмии ҳукумативу давлатӣ ва соҳавӣ усулан хонанда надоранд ва дар ҳоле ки дар шароити бозаргонӣ бо газетаҳои шахсӣ рақобат карда наметавонанд, имкони басташавии онҳо бармалост. Аз ин рӯ ингуна газетаҳо роҳи раҳоӣ аз вартаро дар обунаи иҷборӣ дидаанд. Яъне шиори газетаҳои расмӣ чунин шуда аст: "Хоҳед-нахоҳед ба мо пул медиҳед!"

Коршиносон мегӯянд, соле пеш газетаҳои расмӣ аз марказ ба ҳукуматҳо ва корхонаҳои бузурги саноатӣ - ҳамчун Заводи алюминий ва Заводи Азотии Вахш тавассути таксиҳо мерасидаанд. Имсол ҳам, ки бархе аз рӯзномаҳо бо Тоҷикматбуот қародод ба тасвиб нарасонидааст, дастрасии газетаҳо ба муштариён мушкил хоҳад буд. Аммо ба назар мерасад, ки ин проблема редаксияҳоро ба ташвиш намеорад. Зеро онҳо қаблан пули обунаро аз ҳукуматҳои маҳаллӣ кашида гирифтаанд.

Аз ҷониби дигар газетаҳои соҳавии "Сипар", "Паёми Андоз" ва боқӣ кормандони вазоратҳои худро дар имнтақаҳо муваззаф кардаанд, ки на танҳо ба газета обуна шаванд, балки дигаронро ҳам "тавсия" диҳанд. Бу унвони мисол тоҷирон, фурӯшандагони бозору кӯчаҳо маҷбуранд, датстаҷамъона ба чанд нусха "Паёми андоз" обуна шаванд.

Рӯйхати газетаву маҷаллаҳое, ки барои обуна ба онҳо ҳукуматҳо муваззаф шудаанд, чунин аст: "Ҷумҳурият", "Садои Мардум", "Халқ овози", "Народная газета", "Хатлон", "Фирӯза", "Гулбарг", "Минбари Халқ", "Ахбори Маҷлиси Миллӣ", "Ваҳдат"- органи Ҳаракати Ваҳдати Миллӣ ва "Паёми Андоз".

XS
SM
MD
LG