Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КУҶО ШУДАНИ ПУЛРО ҶАМШЕД СИЁЕВ НАМЕДОНАД



Раҳматкарими Давлат



Додгоҳи Олии Тоҷикистон рузи сешанбе амалан баррасии парвандаи масъулони ширкати "Ҷамолкомпания"-ро оғоз кард. Масъулони ширкати мазкур ба фаъолияти ғайриқонунии бонкдорӣ, фиреби мардум ва тиҷорати ғайриқонунӣ ва напардохтани молиёт муттаҳам дониста шудаанд.

Баррасии парвандаи мазкур дар Додгоҳи Олӣ қарор буд ҳафтаи гузашта оғоз шавад, вале бо тақозои вакилони мудофеъи ширкати "Ҷамол" ба таъхир гузошта шуд.

Дар ҷаласаи имрузи додгоҳ Ҷамшед Сиёев, раиси ин ширкат ва муовини у Зафар Камолов ба як қатор суолоти раиси мурофиа посух гуфтанд. Аввал аз ҳама қозии додгоҳ аз Ҷамшед Сиёев пурсид, ки оё аз тафтиши қаблии парванда огоҳ аст ва мақомоти додситонӣ дар ҷараёни тафтишот уро таҳти зуроварӣ маҷбур ба эътироф кардани кадом амале накардаанд?

Оқои Сиёев гуфт, ки на, ҳеҷ гуна фишор ва зуровариро муттаҳамил нашуда ва аз муфатишони додситонӣ шикоят надорад.

Баъд ҳам Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси мурофиа ба мавзуъи аслӣ - масъалаи маблағҳо пардохт ва аз Ҷамшед Сиёев пурсид: "Аз руи маълумотҳои ҷамъшудагӣ дар ширкати шумо танҳо дар шаш рузи охир аз 8 то 14 (август) ҳудуди 16 то 18 миллион сомонӣ ҷамъ шудааст, ҳамин маблағҳо дар куҷо нигоҳ дошта мешаванд?" Ҷамшед Сиёев посухи мушахас ба ин суол надошт ва гуфт, дар бораи ин маблағ, ки хусусан дар чанд рузи охир ҷамъ шудааст, хабар надорад. У тамоми масъулияти молиро ба души муовини худ Зафар Камолов ҳавола намуд ва гуфт, аксаран дар сафарҳои хидматӣ будааст ва аз тарзи тақсим ва истифодаи маблағ хабар надорад.

Аммо Зафар Камолов гуфт, у масъулияти маблағро ба уҳда надошт ва танҳо раиси ширкат ва муовини у Ҷамила Сиёева, ки хоҳари Ҷамшед Сиёев мебошад, ҳаққи анҷоми амалиётҳои молиро дар ширкат доштанд. Вале Ҷамила Сиёева яке дигар аз муовинони ширкати "Ҷамол" дар озодӣ ба сар мебарад ва боздошт нашудааст.

Раиси мурофиа ҳамчунин аз муттаҳамон пурсид, ширкати шумо тамоми даромадашро дар аснод 700 ҳазор сомонӣ нишон додааст, пас шумо фоида ё фоизи мардумро аз кадом ҳисоб боз мегардондед?

Ин дар ҳолест, ки маблағи умумии азхудкардаи ширкат ҳудуди 117 милён сомониро ташкил медиҳад. Дигар ин ки ширкати "Ҷамолкомпания" пули ашхосро ба унвони гарав ё кафолат мегирифт ва бар асоси қонун пули ба гарав монда бояд дар ҳисоби бонкӣ нигоҳ дошта шавад ва истифодаи он мумкин нест. Вале ба гуфтаи раиси мурофиа, ҳудуди 70 милён сомонӣ аз ҳисоби гарави гузоштаи шаҳрвандон нопадид аст ва дар ҳисоби ширкати мазкур вуҷуд надорад.

Аммо Ҷамшед Сиёев ва муовини у аз худ намудани ин маблағро инкор мекунанд ва яке дигареро дар ин кор масъул медонад.

Аммо садҳо тан аз ҷабрдидагон ҳамчунон ба таваҷҷуҳ ин мурофиаро дунбол мекунанд. Барои онҳо ин суолу ҷавоб муҳим нест, муҳим ин аст, ки маблағҳои гузоштаашон баргадонда шавад.

Вале ҷаласаи додгоҳ баъди як соати оғози он ба далели сардии толори мурофиа қатъ ва то рузи дигар ба таъхир андохта шуд.

XS
SM
MD
LG