Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СОЛИЕВ РАИСИ ДАСТГОҲ ВА СУЛТОНОВ САФИР ШУД



Искандари Хоҷамирзода



Назар ба гузоришҳои расида, Маҳмадназар Солиев, Раиси Шурои Адлияи Тоҷикистон раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъйин шуд. Ҳамин манбаъҳо иттилоъ медиҳанд, ки Шуҳрат Султонов, раҳбари пештараи идораи президенти кишвар ба мансаби сафири Тоҷикистон дар Туркия пешбарӣ шудааст.

Маҳмадназар Солиев дар ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппа ба дунё омадааст. У замоне вазифаи ёвари додситони ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе ва додситони ноҳияи Конибодомро ҳам иҷро кардааст. Маҳмадназар Солиев аз охири соли 1992 то соли 1994 вазифаи додситони кулли Тоҷикистонро бар душ дошт. Баъдан аз соли 1994 то соли 1996 у муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон буд. Сипас дар давоми се сол, яъне аз оғози соли 1997 то миёнаҳои баҳори соли 2000 Маҳмадназар Солиев раҳбари дастгоҳи президенти Тоҷикистон буд ва инак у боз ба ҳамин курсӣ бармегардад. Тайи се соли гузашта Маҳмадназар Солиев раиси Додгоҳи Конституционӣ ва раиси Шурои Адлияи Тоҷикистон ҳам буд.

Ва аммо Шуҳрат Султонов, ки акнун раҳбарии дастгоҳи президенти Тоҷикистонро ба Маҳмадназар Солиев супурда, ба мансаби сафири Тоҷикистон дар Туркия пешбарӣ шудааст, аз руи касб муҳандиси барқ ва номзади илм аст. Аз соли 1981 то соли 1986 Шуҳрат Султонов котиби аввали Кумитаи Марказии комсомоли Тоҷикистон буд. Баъд у раиси ноҳияи Марказии пойтахти Тоҷикистон таъйин шуд. Соли 1999 у муддате намояндаи Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва аз октябри соли 2001 Султонов раиси дастгоҳи президенти Тоҷикистон таъйин шуда буд. Дар гузашта Шуҳрат Султонов вакили Шурои Олии Тоҷикистон низ интихоб шудааст. Мансаби дипломатӣ барои вай чизи нав нест, зеро Султонов як давра дар курсҳои олии дипломатии Вазорати умури хориҷии Русия таҳсил кардааст.

XS
SM
MD
LG