Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев Лужковро табрик кард ва



Муҳаммадраҳими Сайдар



Руасои шаҳри Душанбе ва Маскав тайи як дидор дар пойтахти Русия, хостори тавсиаи ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф шуданд. Дар ин дидор дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав ва эҳёи бинокорӣ дар пойтахти Тоҷикистон бо кумаки Маскав, аз мавзуҳои марказии суҳбат буд.

Сухангуи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод бо эъломи ин матлаб тавзеҳ кард, Маскав ва Душанбе ҳамкории дуҷонибаи худро дар чаҳорчуби созишномаи тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангие идома медиҳанд, ки соли 1996 байни ҳукуматҳои ду шаҳр ба имзо расидааст.

Сухангуи сафорат ҳамчунин афзуд, Муҳаммадсаид Убайдуллоев - шаҳрдори Душанбе ва Юрий Лужков, ки бори саввум мири шаҳри Маскав интихоб шуд, ба масоили дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия аз ҷумла дар Маскав таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карданд ва хостори имзои созишнома дар ҳамин замина шуданд.

Муҳаммади Эгамзод гуфт: "Тарафҳо ба хулосае омаданд, ки рузҳои наздик созишномаи байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати шаҳри Маскавро оиди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар пойтахти Русия ба имзо расонанд."

Ба гуфтаи намояндаи вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар Русия шумораи муҳоҷирони кории тоҷик дар Маскав маълум нест, аммо дар ин шаҳр ҳеҷ сохтмон ва бозоре нест, ки дар он тоҷикон кор накунанд. Ахиран беш аз яксаду шаст нафар муҳоҷири тоҷикро ба далели нақзи муқаррароти иқомат аз ин шаҳр ронданд ва ба гуфтаи созмонҳои муҳофизи ҳуқуқ дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳри Маскав даҳҳо тоҷикон мунтазири депортатсия ба сар мебаранд.

XS
SM
MD
LG