Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ боз барои Тоҷикистон кумак мехоҳад



Мирзонабии Холиқзод



Созмони Миллали Мутаҳид 10 декабр барои охирин бор аз оҷонсиҳо ва кишварҳои кумаккунанда тақозо хоҳад кард, ки ба Тоҷикистон ёрии башардустона расонанд. Ба ин муносибат Идораи ҳамоҳангсози кумакҳои байналмиллалии Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон рузи душанбе, 8 декабр як пресс релиз ба нашр расонд ва аз баргузории нишаст бо ширкати намояндагони оҷонсиҳои Миллали Муттаҳид, кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои иқтисодии Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин варақаи матбуотӣ гуфта мешавад, ки Созмони Миллали Муттаҳид барои беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии ва эҳёи имконоти иқтисодии Тоҷикистон 54,7 миллион доллар тақозо хоҳад кард.

Эмин Сангинов, мудири Маркази ҳамоҳангсози кумакҳои башардустонаи дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ин мавзуъ мегуяд: "Гуфтан мумкин ин охирин барномаи кумаки башардустона аст."

Тибқи иттилоъи ҳамин марказ, аммо изҳороти Созмони Миллал ба он маъно нест, ки дигар кумакҳои башарӣ ба Тоҷикистон пурра қатъ карда мешавад. Минбаъд бо теъдоди кам ва барои эҷоди ҷои кор, рушди иқтисодии ин кишвар, суръат додани раванди татбиқи барномаи иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ва дар соҳаҳои дигари иқтисодӣ кумакҳо хоҳанд расид.

Аз 54 миллион долларе, ки Созмони Миллал аз кишварҳои сармоягузор талаб мекунад, наздик ба 29 миллион доллари он барои бо маводи ғизоӣ таъмин намудани мардуми ниёзманд тахсис дода мешавад. Ва якуним миллион доллар ба навоҳии марзи бо Узбакистон барои поксозии минаҳо дода хоҳад шуд. Беш аз 3 миллион доллар барои масоили ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон ва 405 ҳазор доллари он барои мусоидат дар роҳи таъмини амният масраф мешавад. Ду миллион доллар барои таъмини мардум бо оби соф ҷудо карда мешавад. Ҳамчунин дар соҳаи беҳдоштӣ ва таълиму парвариш қариб даҳ миллион доллари ин маблағ харҷ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG