Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди болтутиҳо аз 1 000 беш будааст



Муҳаммадраҳими Сайдар



Мақомоти гумруки Нижний Новгороди Русия хабари боздошти болтутиҳо аз як ҳавопаймои Тоҷикистонро таъйид карданд. Вале онҳо мегуянд, шумораи болтутиҳои мусодирашуда на 500, балки беш аз 1000 будааст.

Чунин мақодири бузурги ин парандаҳои нодирро як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд мехост тарқи қочоқӣ вориди қаламрави Русия гардонад. Ҳуввияти қочоқбар эълом нашудааст.

Ба гуфтаи Виктор Караваев, намояндаи аршади бахши мубориза бо қочоқи идораи гумруки Русия, ба далели риоя нашудани режими таҳвил 450 тутӣ ҳангоми парвоз ҳалок ва 650 боли дигар дар ҳолати вахим ба Боғи ҷонварони шаҳри Нижний Новгород интиқол шудааст.

Ҳавопаймои ҳомили болтутиҳо дар масири Хуҷанд-Маскав парвоз мекард, вале ба маҳзи номусоид будани вазъи ҳаво дар Маскав иҷборан дар фурудгоҳи Нижний Новгород пойин шудааст. Болтутиҳо аз дохили ҳамин ҳавопаймо бо кушиши мақомоти гумрукии фурудгоҳи Нижний Новгород рузи 26 ноябр кашф ва мусодира шудаанд.

XS
SM
MD
LG