Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Оқилов бо Алан Вадамс мулоқот кард



Раҳматкарими Давлат



Сафири Иттиҳодияи Аврупо дар кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон, Алан Вадамс, бо мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла бо сарвазири ин кишвар Оқил Оқилов ва вазирони иқтисод ва дороӣ мулоқот кардааст. Дар ҷараёни ин мулоқотҳо масъалаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шуда, вале ҳадафи аслии ин дидор ва музокирот мусоидат намудан ба раванди таҳияи созишномаи миёни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар заминаи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ мебошад.

Исроил Маҳмудов - муовини вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон - дар робита ба аҳамияте, ки ин созишнома барои Тоҷикистон хоҳад дошт, гуфт: "Яке аз воситаҳои сармоягузорӣ мешавад, шарти дигар тиҷорати озод миёни Тоҷикистон ва кишварҳои узви ин иттиҳод аст. Монеаҳои тиҷоратӣ бардошта мешаванд, ҳаракати озоди молро низ дар назар дорад. Беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ шарти дигари он аст. Тиҷорат вусъат ва неруи содиротии Тоҷикистон низ тақвият меёбад."

Ба гуфтаи Исроил Маҳмудов, то ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ба асоси шартномаҳои дуҷониба ҳамкориҳои худро ба роҳ монда буд. Ва дар сурати имзои ин санад имкони музокира ва ҷалби кишварҳо ва ширкатҳои сармоягузор дар Иттиҳодияи Аврупо барои маблағгузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон соддатар хоҳад шуд. Саҳми кишварҳои аврупоӣ дар бозсозии иқтисоди Тоҷикистон то кунун дар сатҳи кумакҳои башардустона ва васоили техникӣ маҳдуд будааст.

Ба гуфтаи муовини вазири иқтисоди Тоҷикистон, тарҳи тавофуқномаи миёни Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон аз ҷониби ҳукуматҳои тамоми кишварҳои узви ин иттиҳодия баррасӣ ва мувофиқаи қаблии онҳо ҳосил шудааст.

Тоҷикистон охирин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки тавофуқномаи мазкурро имзо мегузорад. Қаблан чунин тавофуқномаҳо миёни Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ба имзо расида буд.

Қарор аст, дар моҳи майи соли оянда ба дунболи ба Иттиҳодияи Аврупо пайвастани 10 кишвари дигари Аврупои шарқӣ созишномаи мазкур ба имзо бирасад. Баъд ҳам созишномаи мазкур танҳо пас аз ба тасвиби ниҳоӣ расидан дар парлумонҳои миллии ҳамаи аъзои иттиҳодия, мавриди амал қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG