Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони Ҳизб-ут-Таҳрирро боздошт карданд



Мирзои Салимпур



Рузи якшанбе маъмурони шуъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе 4 нафарро бо иттиҳоми мушорикат дар фаъолиятҳои созмони манъшудаи Ҳизб-ут-Таҳрир боздошт карданд.

Як манбаъ аз раёсати умури дохилаи пойтахти Тоҷикистон ба хабаргузории "Интерфакс" гуфтааст, ки боздоштшудаҳо аз аҳли навоҳии ҳаммарз бо Узбакистон буда, аз онҳо зимни боздошт шабномаҳо бо танқиди сиёсати раҳбарияти як кишвари ҳамсоя ва адабиёти таблиғотии Ҳизб-ут-Таҳрир ёфт ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG