Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истгоҳҳои телефонии Душанберо нав карданд



Раҳматкарими Давлат



Тамоми 12 истгоҳи телефонии шаҳри Душанбе аз системаи механикӣ ба системаи электронӣ ё барқӣ табдил шуданд. Рузи якшанбе баъди як моҳи озмоиш ин дастгоҳҳои ҷадид мавриди истифодаи умумӣ гирифтанд. Табдил намудани истгоҳҳои телефонии пойтахти Тоҷикистон бо мусоидати молии Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мешавад. Иҷрои барномаи мазкур наздик ба 10 моҳ идома дошт ва дар амалӣ шудани он бар асоси тендер як ширкати чиноӣ саҳм гирифтааст.

Иброҳим Усмонов - муовини вазири мухобироти Тоҷикистон - гуфт, бо табдили ин шабакаҳо ба системаҳои электронӣ, умдатарин мушкилоти телефонӣ дар дохили шаҳр ҳал хоҳад шуд. Ба дунболи ин кор акнун қарор аст, бархе аз хатҳои телефонии фарсудаву куҳна шуда, низ таҷдид шаванд.

Бар иловаи ин барои нахустин бор миёни истгоҳҳои телефонии пойтахт хати робитаи файберӣ ё ноқилҳои шишагӣ ё нурӣ насб шудааст, ки сифат ва имкони нақли садоро беҳтар хоҳад кард. Ва ҳатто имкони фиристодани тасвир низ бо сифати баланд пайдо хоҳад шуд. Ин ба он маъност, ки тавасути ин хат акнун метавон, барномаҳои телевизонро дар ҳаҷми тавоноии барномаи компютери пентюми 3 тамошо кард.

Ба гуфтаи оқои Усмонов, дар соли ояндаи мелодӣ низ таҷдиди 27 истгоҳи телефонӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон дар назар аст, ки ин тарҳ низ аз ҷониби Бонки Аврупоии Бозсохт ва рушд ба маблағи 7 миллион доллар маблағгузорӣ мешавад.

Акнун истифодакунандагони телефонҳои шаҳрӣ бар изофаи ҳаққи ҳармоҳаи узвияти телефон, ки 50 дарсад коҳиш ёфтааст, барои ҳар дақиқаи суҳбати телефонӣ 1 дирам низ пардохт хоҳанд кард. Муовини вазири мухобироти Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, мутахассисони ширкати давлатии "Тоҷиктелеком" дар чаҳорчуби як қарордод миёни ин вазоратхона ва вазорати мухобироти Афғонистон ба Кобул сафар кардаанд ва қарор аст, то чанд рузи дигар се антенаи моҳвораро барои пайваст шудани Афғонистон ба шабакаи телефони байналмиллалӣ насб кунанд.

XS
SM
MD
LG