Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба ёди муҳоҷиронаш афтидааст



Муҳаммадраҳими Сайдар



Як ҳайъати эъзомии баландпояи мақомоти Тоҷикистон ба манзури омузиши вазъи будубоши муҳоҷирони тоҷик аз аввали ин ҳафта дар Русия ба сар мебарад. Ин ҳайъат аҳволи оворагонро дар Русия сангин арзёбӣ намуда ва бар он аст, ки ин мушкилро танҳо дар сатҳи олӣ ҳалл кардан имкон дорад.

Абдулҳамид Самадов, муовини раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва як узви ин гуруҳ гуфт, масъала ҳалли давлатӣ мехоҳад ва бояд байни сарони ду давлати Тоҷикистону Русия дар заминаи таъмин ва тазмини ҳуқуқи муҳоҷирон як созишномаи воҷибулиҷро ба имзо бирасад.

Ин ҳайъатро мушовири аршади раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Усмонов раҳбарӣ мекунад.

Ҳайъати эъзомии Душанбе то кунун аз вазъи муҳоҷирони тоҷик дар бозори Черкизовои шаҳри Маскав ва дар вилояти Тверу шаҳри Санкт-Петербург хабар гирифтааст. Қарор аст, пас аз омузиши ҳамаҷонибаи вазъи муҳоҷирон ин гуруҳ ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин замина ба таври муфассал гузориш диҳад.



XS
SM
MD
LG