Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти низомиёни тоҷику олмонӣ поён ёфт



Абдуқайюми Қайюмзод



Шералӣ Хайруллоев - вазири дифоъи Тоҷикистон - бо Михаил Шмунко - масъули вазорати хориҷаи Олмон дар умури Афғонистон - мулоқот кард. Бино ба иттиллоъи дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон, дар ин мулоқот масъалаи интиқоли кумакҳои башарӣ ва низомии Олмон аз тариқи марзҳои Тоҷикистон ба Афғонистон баррасӣ шудааст.

Михаил Шмунко, масъули вазорати хориҷаи Олмон дар умури Афғонистон гуфтаст, Олмон қасд дорад, дар бозсозии манотиқи Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз мебошад, саҳм бигирад ва аз ин лиҳоз ба кумак ва мусоидати ҷониби Тоҷикистон ниёз дорад. Оқои Шмунко афзудааст, ки кишвараш ҷиҳати иҷрои тааҳҳудоташ дар қиболи Афғонистон, ба ҳамкории Тоҷикистон умед мебандад.

Шералӣ Хайруллоев ба дархости ҷониби Олмон гуфтааст Тоҷикистон мехоҳад, ҳарчи зудтар дар Афғонистони ҳамсоя оромиву субот барқарор шавад. Аз ин ру Тоҷикистон ҳамеша омода аст, барои Олмон ва ба ҳар кишвари дигаре, ки дар амри эҷоди субот ва оромиши Афғонистон ҳисса мегузорад, ҳамкорӣ карда, имкони истифодаи марзҳояшро фароҳам созад. Дар ҳоли ҳозир баъзе аз созмонҳои байналмиллалӣ ва ҳамчунин Амрико ва Фаронса тавассути марзҳои Тоҷикистон кумакҳои худро ба Афғонистон интиқол медиҳанд.

XS
SM
MD
LG