Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи тозабунёди Хоруғро ишғол карданд



Мирзоҷалоли Шоҳҷамол



Дар маркази вилояти Бадахшон барои нахустин бор тайи 10 соли ахир бинои истиқоматии бисёрҳуҷра сохтаву ба истифода дода шуд. Ин бино мебоист, аз панҷ ошёна ва 20 ҳуҷраи истиқоматӣ иборат бошад, вале бинобар камбуди конструксияҳои оҳану бетонӣ, лозим дониста шудааст, ҳамагӣ сохтмони се ошёнаи он ба итмом расонида шавад, изҳор дошт, сармеъмори вилоят Муҳаммад Маҳмадзоиров.

Дар нахустин бинои аз ҳисоби маблағи мутамаркази ҷумҳурӣ сохташуда, кормандони масъули ҳукумат ва кормандони ниҳодҳои қудратӣ ҷой гирифтаанд. Мудири масъули идораи маъмурии ва ҳуқуқии ҳукумати шаҳр Ошурбек Маъмурбеков, ки ҳамчун масъули тақсими ордерҳо ба истиқоматкунандагон муаррифӣ шуд, изҳор дошт, ки руйхати истиқоматкунандагони бино аз ҷониби ҳукумати вилоят пешниҳод шуда, вазифаи онҳо танҳо аз ин иборат буд, ки руйхатро дар чаҳорчуби қонунҳои мавҷуд ғунҷонанд.

Аммо раҳбари дастгоҳи ҳукумати вилоят Саидпулод Алишоев гуфт, ки қарори ҳукумати вилоят танҳо хусусияти таъинотии ин биноро барои кормандони масъули идораҳои давлатӣ ба таври умумӣ дар бар гирифта, манзилҳоро аз руи раводид идораи манзилию коммуналии шаҳр тақсим кардааст.

Вақтҳои пеш ҳангоми тақсими манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳр, агарчанде аксарияти ордерҳо ба кормандони соҳибвазифа дода мешуданд, аммо барои адолат якчанд нафар намояндаи ба истилоҳ "синфи заҳматкаш" низ дар чунин биноҳо ҳуқуқи истиқомат пайдо мекард.

Тибқи иттилоъ, чунин шараф чун табақаи поёнии ҷамъият дар бинои ба истифодадодашуда дар маркази вилоят ба ронанда ва таъмиргари шабакаҳои барқии ҳукумати вилоят насиб шудааст.

Аммо як маъмури вилоят бо тасдиқи ҷой доштани номи ашхоси номбурда дар руйхати довталабон баён дошт, ин нафарон ҷиҳати зиёд будани шумораи хоҳишмандон аз доираи соҳибшудагон ба манзил берун монданд.

Дар ҳоле ки дар ҳукумати вилоят ва шаҳр дар робита ба тарзи тақсими ин хонаҳо фикрҳои мухталиф ба гуш мерасанд, ду нафар намояндаи "пролетариат", ки яке аз онҳо қаровулии ин биноро ба уҳда дошт мегуяд, дар солҳои беназмӣ биноро аз тороҷшавии констурксияҳои оҳаниву бетониаш эмин доштааст, зуран вориди манзил шудаанд.

Гуфта мешавад, то ихроҷ намудани ишғолгарон аз манзил бо дахолати кормандони милиса, бурёкубони дувоздаҳ хонавода мавқуф гузошта шудааст. Дар маркази шаҳр бинобар зиёд будани талабот ба манзил арзиши хонаи дуҳуҷрадор аз 10 ҳазор доллари амрикоӣ зиёд шудааст.

XS
SM
MD
LG