Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



126-умин солрузи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шоир ва файласуфи бузурги ҳиндутабори забони форсӣ зимни як маросими вижае дар шаҳри Душанбе таҷлил гардид. Ин маросим бо ширкати донишмандон ва донишгоҳиёни тоҷик бо кумаки сафорати Покистон дар Душанбе доир шуд. Дар андешаи донишмандони тоҷик нуфузи андеша ва осори Муҳаммад Иқбол дар адаб ва фарҳанги форсизабонон мондагор аст, бо вуҷуди он ки ба андешаи иддае аз суханшиносон, бархе аз андешаҳои у зери шароити таҳаввулпазири ҷаҳон ранг бохтаанд.

Дар шаҳри Душанбе ҳафтаи филмҳои бахшида ба ҳуқуқи башар ҷараён дорад. Намоиши ин филмҳо дар толори Маркази таҳқиқоти истротегӣ доир мешавад. Дар зарфи як ҳафта қарор аст то 20 филми офаридаи синамогарони Фаронса, Олмон, Олмон, Русия, Ирон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ намоиш дода шавад. Ин иқдом бо ташаббуси маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон амалӣ мешавад.

Барои нахустин бор тайи чанд соли охир дар Тоҷикистон намоишгоҳи китоб баргузор гардид. Ин намоишгоҳ дар толори "Олами китоб" доир шуд. Китобҳои тайи чанд вақти охир ба нашр расонидаи нашриётҳои Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Бахше аз ин намоишгоҳ ба китобҳое ихтисос ёфтааст, ки бо кумаки молии раиси ҷумҳури Тоҷикистон мунташир шудаанд.

Нашриёти "Адиб" китоби академик Муҳаммадҷон Шакуриро бо номи "Сарнавишти форсии тоҷикӣ дар Фародур ё Мовароуннаҳр" мунташир кардааст. Ин китоб бо сарпарастии бевоситаи раиси ҷумҳури Тоҷикистон нашр шуда ва таҳаввулотеро, ки забони тоҷикии форсӣ дар тули садаи бист то рузҳои мо пушти сар гузошта ва ё мегузорад, инъикос кардааст.

"Қиссаҳои Ҷамшед" ном китоби нави Раҷабалӣ Аҳмадов тавасути нашриёти "Матбуот" аз чоп баромадааст. Ин китоб 20 ҳикояи нависанда барои наврасонро дар бар мегирад. Ҳамчунин нашриёти "Роутлеҷ Курзон"-и Бритониё китоби Азим Байзоев ва Ҷон Ҳайвардро бо номи "Роҳнамои тоҷикӣ барои навомузон" мунташир кардааст. Ин нашри дуввуми китоби мазкур аст. Бори аввал ин китоб соли 2001 нашр шуда буд.

XS
SM
MD
LG