Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консепсияи амнияти иттилоотӣ қабул шуд



Раҳматкарими Давлат



Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон тарҳи консепсияи мазкурро таъйид ва ба ҳукумат амр кардааст, ки ин механизми иҷрои ин санадро мушаххас кунад. Консепсияи амнияти миллии итилоотии Тоҷикистон баъд аз 11 соли истиқлолияти ин кишвар бори нахустин қабул мешавад.

Дар баёнияи дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурӣ ба ин муносибат гуфта мешавад, ки ба манзури тақвияти рушди технологияи коммуникатсионӣ бо ҳадафи таъмини амнияти иттилоотӣ ҳамчунин барномаи роҳбурдии рушди технологияи комуникатсионӣ низ аз ҷониби раиси ҷумҳур тасдиқ шудааст, ки аз ҳар ҷиҳат ба амалӣ шудани консепсияи амнияти иттилоотӣ мусоидат мекунад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни ҷамоҳири Осиёи Миёна шояд аз лиҳози таъмини амнияти иттилоотӣ ақибмонда бошад. Танҳо шабакаи телевизони сартосарии давлатии Тоҷикистон на дар аксари манотиқи дуруфтодаи кишвар қобили дидан аст ва ҳамчунин матбуоти чопӣ дар ин кишвар ҳафтае як бор нашр мешавад ва бо истифода аз ин халои иттилоотӣ нашрияҳо ва расонаҳои электронии кишварҳои ҳамсоя ва Русия фазои иттилоотии дар инҳисор қарор додаанд.

Ҷузъиёти бештари консепсияи тасдиқшудаи амнияти миллии итилоот гуфта нашудааст, вале раиси ҷумҳур ба ҳукумат дастур додааст, ки дар зарфи се моҳ бар мабнои ҳамин асл ё консепсияи қабулшуда барномаи таъмини амнияти иттилооти миллии Тоҷикистонро таҳия карда ва ҷанбаҳои молии иҷрои консепсияи мазкурро мушаххас намояд.

XS
SM
MD
LG