Мирзонабии ХолиқзодҲадди ақали моҳона дар Тоҷикистон ба нархи як кило гушт баробар мешавад.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо фармони ахири худ рузи 4 ноябр ба манзури беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолии кишвар ба ҳадди аққали музди меҳнати сокинони кишвар 2 сомонӣ, ки ба чанд сенти амрикоӣ баробар аст, илова намуд. Ва бо ин дар моҳи январи соли 2004 ҳадди ақали маоши мардуми Тоҷикистон, ки ба 5 сомонӣ баробар буд, акнун ба 7 сомонӣ ё ба қавли бархе аз сокинони кишвар ба нархи як кило гушти гов мусовӣ мешавад.
Бар асоси ин фармон, маоши кормандони соҳаи низомӣ ва идораҳои қудратии Тоҷикистон, донишҷуён, нафақахурҳо низ 25 дар сад афзоиш дода хоҳад шуд.
Сарвари бахши молияи дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон Акрам Сулаймонов мегуяд, афзоиши маоши мардуми буҷахур қаблан бо созмонҳои иқтисодӣ ва бонкҳои байналмилалӣ мувофиқат шудааст, ва он ҳам бо вуҷуде ки созмонҳои байналмилалӣ ҷонибдори 25 дар сади бол бурдани маош набуданд.
Намояндагони парлумони кишвар, ки дар садади баррасии буҷаи Тоҷикистон барои соли оянда ҳастанд, аз ин иқдоми ҳукумат истиқбол мекунанд. Ба назари онҳо, боло бурдани маоши буҷахурҳо ва афзудани ҳадди ақали музди меҳнат бо назардошти буҷаи давлат мебошад, ки имкон дорад дар соли оянда ба беш аз 900 милён сомонӣ расонида шавад.
Аммо аз назари иқтисодшиносони мустақил, ин иқдоми ҳукумат ба фоидаи қишри камбизоат, ки аслан мардуми буҷахур ҳастанд, намеанҷомад.
Дар суҳбат бо кормандони соҳаи таълим ва парвариш, тандурустӣ ва бознишастагону донишҷуён рушан мегардад, ки агар маошу кумакпулиҳои онҳо на 25, балки 75 дарсад ё ҳатто аз ин бештар боло бурда шавад ҳам, наметавонад харҷу масрафи якмоҳаи зиндагии онҳоро пушонад.
Дар фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин илова шудааст, ки дар ивази барҳам додани имтиёзҳои хадамоти коммуналӣ ба маъюбони ҷанги дуввуми ҷаҳон ва ба ҳамсарони бепарастори онҳо барои ҳар моҳ 15 сомонӣ муқаррар карда шавад.
Аммо иштирокчиёни ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ имтиёзҳои худро махсусан дар бахши пардохти пули газ, барқ ва соҳаҳои дигар беҳтар аз 15 сомоние медонанд, ки ҳар моҳ ба онҳо дода хоҳад шуд.
Дар ҳоле ки ин гузориш омода мешуд, аз бахши молияи дастгоҳи президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки ҳукумат бо баргузории як ҷаласа буҷаи соли 2004-умро муҳокима намуд. Дар соли оянда ҳаҷми буҷа боло бурда шуда, беш аз 900 милён сомониро дар бар мегирад.