Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши ҳадди аққал 2,5 доллар хоҳад шуд



Салими Аюбзод



Ҳукумати Тоҷикистон қарор кард, аз якуми январи соли оянда моҳонаи кормандони буҷавӣ, стипендияи донишҷӯён ва нафақаҳои бознишастагиро 25 дарсад зиёд намояд.

Тибқи ҳамин қарор сар аз соли оянда, маоши ҳадди аққал дар Тоҷикистон се сомонӣ зиёд шуда, ба 7 сомонӣ, тақрибан дуюним доллар мерасад.

Эмомалӣ Раҳмонов дар ин қарораш ба ҳукумат супориш додааст, ки дар буҷаи соли оянда маблағи 9 миллион долларро ба сифати ҷубронпулӣ ба аҳолӣ дар назар гирад. Ин маблағ бояд барои мардуми камбизоат ва серфарзанде масраф шавад, ки бинобар болоравии нархи барқ қудрати пардохти ҳаққи онро надоранд.

XS
SM
MD
LG