Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабдолов хусусигардониро "тороҷ" хонд



Абдуқайюми Қайюмзод



Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ҷараёни ислоҳоти иқтисодӣ ва ба хусус раванди хусусигардонии корхона ва муассисоти давлатиро дар кишвар фоҷиабор арзёбӣ кард.

Шодӣ Шабдолов - раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дуввумин ҳизби сернуфуси кишвар ва узви Маҷлиси Намояндагон дар ин робита гуфт, ки наҳваи иҷрои раванди хусусигардонии корхона ва муассисоти кишвар аксаран ғайриқонунӣ ва ноодилона сурат гирифта бар хилофи манофеъи ҷомеа ва мардум мебошад: "Ба назари мо давлат худро аз фишангҳои таъсиргузор ба ҷараёни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ амалан маҳрум сохтааст."

Шодӣ Шабдолов бо ишора ба иштибоҳоти ҷойдошта дар ҷараёни хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ дар Душанбе гуфт: "Корхонаи истеҳсоли яхдони Душанбе, ки даҳҳо миллион сомонӣ арзиш дорад, бо қиммати ночизе фурӯхта шуд ва кормандони он низ аз ин коргоҳ хориҷ карда шудаанд ва ин хусусигардонии бо усули ваҳшиёна аст. Вале ин танҳо моликияти ҳукумат нест ин моликияти умумиҷамъиятист ин моли давлат аст. Мо ин ҳақро надорем, чизеро, ки насохтаем дар сарнавишти он чунин қазоват кунем".

Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон афзуд, ки ҳамин тавр садҳо намунаи дигарро метавон номбар кард ки бо ҳамин усул хусусӣ шудааст. Шодӣ Шабдолов таъкид кард, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон мухолифи ислоҳот дар иқтисоди кишвар нест, вале чунин ислоҳоти шигифтовари бар зарари аксарияти мутлақи шаҳрвандонро низ қабул надорад.

Вай афзуд, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон назари худро дар ин хусус ба тамоми созмонҳои молиии байналмиллалӣ, ки дар ин замина бо давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд ва ба хусус бо намояндаи Сандуқи Байналмиллалии Пул дар миён гузошта ва мавқеи ҳизбашро баён доштааст.

Раиси Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон аз он ки бисёр корхонаҳои хусусишуда самти фаъолияти худро ба рағми муқаррарот тағйир ва ба таври дилхоҳи афроди ҷудогона роҳандозӣ кардаанд, изҳори нигаронӣ кард.

XS
SM
MD
LG