Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурушгоҳи марказии Душанберо ғорат карданд



Абдуқайюми Қаюймзод



Фурушгоҳи марказии Душанбе, мавсум ба "СУМ" мавриди ғорати афроди номаълум қарор гирифтааст. Як манбаъ аз ин фурушгоҳ, ки нахост номаш фош гардад, гуфт эҳтимол дорад, бештар аз сад ҳазор доллари амрикоӣ аз говсандуқи шуъбаи фуруши таҷҳизоти муосир назири телевизион, видео, телефонҳои дастӣ, антенни моҳвора ба яғмо рафтааст.

Мудири кулли фурушгоҳи марказӣ Боймурод Холмуродов гуфт, то кунун дар мавриди хисороти молии воридшуда чизе дақиқ гуфтан новақт аст. Вай аз додани иттилоъоти бештар худдорӣ кард ва танҳо ҳаминро афзуд, ки дар ҳоли ҳозир гуруҳи фаврии ҷустуҷуӣ ҳамроҳ бо масъулони фурушгоҳ мизони зарар ва иллати ин қазияро баррасӣ мекунанд.

Аммо бархе аз кормандони ин фурушгоҳ бо ишора ба вуҷуди механизми шадид ва муосири таъмини амнияти фурушгоҳи марказӣ ва набуди ягон рахна дар ин бино аз чигунагии вуқуи ин ҳодиса изҳори тааҷҷуб мекунанд.

Аммо гуфта мешавад, барои гуруҳи таҳқиқи ин қазия ду мушкил пеш омадааст, аввал ин ки ин ҳодиса дар замони таътилоти дурузаи фурушгоҳ, яъне рузҳои шанбе ва якшанбе рух дода ва дигар ин ки хатти сигнализатсияи фурушгоҳ низ бо далоили мубҳам аз кор бозмондааст. Бори аввал нест, ки чунин ҳаводис дар фурушгоҳи марказӣ рух медиҳад. Соли гузашта низ айни ин ҳодиса дар фурушгоҳ такрор шуда ва мақомоти интизомии Тоҷикистон як кормандони онро ба ҷурми ширкат дар дуздӣ, ба маҳбас кашонида буданд.

XS
SM
MD
LG