Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Террористони шартиро боздошт карданд



Тоҳири Сафар



Маъмурони интизомии Тоҷикистон нахустин бор саҳнаи раҳо кардани ҳавопаймои рабудашуда аз ҷониби террористонро тамрин карданд.

Дар ин тамринот, ки рузи шанбе доир шуд хидматчиёни вазорати умури дохила ва амният дар фурудгоҳи Душанбе тарзи озод кардани гаравгонони дохили ҳавопаймо аз дасти террористонро машқ карданд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон гуфт, натиҷаи машқҳо муваффақ буд, зеро гуруҳи террористӣ боздошт ва гаравгонон раҳо шуданд.

XS
SM
MD
LG