Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи табъизи нажодӣ баррасӣ шуд



Абдуқайюми Қаюймзод



Мушкилоти раванди таҳия ва омодасозии гузориши давлатӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои Муоҳидаи байналмиллалии рафъи табъизи нажодӣ дар як нишасти дурӯзаи коршиносони ватаниву хориҷӣ дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Вадим Сатиров - масъули Дафтари мусоидат бар сулҳи Созмони Милал дар Душанбе гуфт, ин бори аввал аст, ки як чунин гузориши муфассал ва муҳим аз ҷониби давлати Тоҷикистон ба Кумитаи байналмилаллии рафъи табъизи нажодӣ омода мешавад ва ҳадафи нишасти мазкур низ кӯмак ва мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар амри таҳияи ин гузориш мебошад.

Гулчеҳра Шарифова - муовини раиси Камиссияи ҳуқуқи инсон ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии назди ҳукумати Тоҷикистон - гуфт, қисмати аъзами гузориши мазкур омода шудааст вале ба иллати саривақт дастрас нашудани аснод аз сӯи вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ он нотамом боқӣ мондааст.

Ҷузъиёти хабар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG