Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табъизи нажодӣ дар Тоҷикистон



Абдуқайюми Қайюмзод

Гулчеҳра Шарифова мегӯяд, дар кишвар табъизи нажодӣ ва ё поймолкунии ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ ба мушоҳида нарасидааст.

Мушкилоти раванди таҳия ва омодасозии гузориши давлатӣ ҷиҳати иҷрои ӯҳдадориҳои Муоҳидаи байналмиллалии рафъи табъизи нажодӣ дар як нишасти дурӯзаи коршиносони ватаниву хориҷӣ дар Душанбе мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Вадим Сатиров - масъули Дафтари мусоидат бар сулҳи Созмони Милал дар Душанбе гуфт, ин бори аввал аст, ки як чунин гузориши муфассал ва муҳим аз ҷониби давлати Тоҷикистон ба Кумитаи байналмилалии рафъи табъизи нажодӣ омода мешавад ва ҳадафи нишасти мазкур низ кӯмак ва мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар амри таҳияи ин гузориш мебошад.

Гулчеҳра Шарифова - муовини раиси Камиссияи ҳуқуқи инсон ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии назди ҳукумати Тоҷикистон - гуфт, қисмати аъзами гузориши мазкур омода шудааст вале ба иллати саривақт дастрас нашудани аснод аз сӯи вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ он нотамом боқӣ мондааст.

Хонум Шарифова гуфт, дар Тоҷикистон амалҳое, ки табъизи нажодӣ ва ё поймолкунии ҳуқуқи аққалиятҳои миллӣ дониста мешаванд ба мушоҳида нарасидааст. Комиссияи онҳо ҳадди аққал чунин ариза ва ё шикоятеро дар заминаҳои норозигии қавмӣ ва ё миллӣ дар ихтиёр надорад: "Шикоятҳое, ки гоҳо мешавад, умдатан аз мушкилоти иқтисодии кишвар маншаъ мегиранд, ба шумули таъмини дастуру кутуби таълимӣ ба макотибе, ки дар онҳо намояндагони аққалиятҳои миллӣ таҳсил мекунанд."

Аммо намояндагони аққалиятҳои миллии Тоҷикистон дар ин маврид ақидаи дигар доранд. Ба эътиқоди онҳо дар қавонини кишвар ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо барои кору зиндагии аққалиятҳои миллӣ мушоҳида намешавад, аммо дар корбурди ин меъёрҳо ва махсусан дар амалкарди ашхоси алоҳидаи мақомоти давлатӣ баръакси талаботи қонунҳо ба назар мерасад.

Виктор Ким - раиси Ҷамъияти кореягиҳои Тоҷикистон аз ширкатдорони нишасти мазкур мегӯяд: "Бояд шароити мусоид барои рушди фарҳанги аққалиятҳои миллӣ аз ҷониби афроди давлатӣ фароҳам сохта шавад, зеро меафзояд вай аққалиятҳои миллӣ аз ҷумла ӯзбакҳо, қирғизҳо, туркманҳо ва дигарон тибқи Қонуни Асосӣ шаҳрванди комилҳуқуқи ҳамин кишвар мебошанд."

Гулчеҳра Шарифова - муовини раиси Комиссияи ҳуқуқи инсон ва таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии назди ҳукумати Тоҷикистон - гуфт, гузориши давлатӣ дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои Муоҳидаи байналмилаллии рафъи табъизи нажодӣ то охири соли равон омода ва ба маркази он шаҳри Женева фиристода хоҳад шуд. Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1994 узви Муоҳидаи байналмилалии табъизи нажодӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG