Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз 40 кишвар кумак гирифтааст



Мирзонабии Холиқзод



Бино ба иттилоъи Маркази ҳамоҳангсози кумакҳои байналмиллалии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, 50 дар сади ёриҳои хайрия ба ин кишвар дар 9 моҳи ахири соли равон аз ҷониби ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико расидааст.

Исроил Исмоилов - муовини раиси маркази мазкур рузи душанбе, 27 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Иёлоти Мутаҳиддаи Амрико ҳамчунон кишвари асосии кумакрасон ба Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вай роҷеъ ба кумакҳои хайрияи байналмиллалӣ дар 9 моҳи ахир гуфт: "Аз 40 давлати ҷаҳон ба ҷумҳурии мо кумакҳои башардустона ворид гардидааст, ки ҳаҷми умумии ин кумакҳо 146 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин дар маҷмуъ 96 миллион долларро ташкил медиҳад."

Ба гуфтаи Исроилов, беш аз 60 ҳазор тонаи ин кумакҳоро орд ва 4 ҳазор тоннаи онро гандум дар бар мегирад. Ҳамчунин бар асоси ин барномаҳо ба Тоҷикистон равған, шакар ва таҷҳизот барои корхонаҳо кумак карда шудааст.

Ва аммо мувофиқи таҳлили Маркази ҳамоҳангсози кумакҳои башардустонаи назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи тақсим ва роҳандозии кумакҳои хайрияи расида барои мардуми ин кишвар кифоякунанда набудааст.

Исроил Исмоилов мегуяд, кумакҳо танҳо аз маводи хурданӣ иборат намебошад, дар ин байн кумакҳои техникӣ тиббӣ, кишоварзӣ ва низомӣ низ ҳаст. Аз суи дигар селхезию тармафароӣ ва офатҳои табии дигар низ ба мардум ва хоҷагиҳо зарари ҷиддӣ ворид намуданд: "Ин кумакҳо албатта каманд. Вобаста ба вазъи имрузаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва табиат, ки ба ҷумҳурӣ ранҷи зиёд мерасонад, талаботи мардум ҳаст, ки ба онҳо кумак расонда шавад."

XS
SM
MD
LG