Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёӣ ба Тоҷикистон қарзи нав медиҳад



Соҷидаи Мирзо



Бонкии Осиёии Рушд тасмим гирифт, бо тахсиси қарзи 100 миллион долларӣ дар бунёди зербинои деҳот ва рушди ҳамкориҳои минтақавии Тоҷикистон саҳм бигирад. Барномаи бонк, ки се соли ояндаро дар бар мегирад, 22 октябр дар ҷаласаи мудирони ин ниҳоди молӣ тасдиқ шуд.

Интизор меравад, ки кумак дар соли 2004-ум 25 миллион доллар, бо иловаи 10 миллион доллар барои барномаҳои минтақавиро фаро бигирад. Бонк ният дорад, ки ҳаҷми қарзро дар солҳои 2005 - 2006-ум то 35 миллион доллар расонад. Аммо маблағи ниҳоӣ ба фаъолияти Тоҷикистон ва ҳаҷми захоири Бонки Осиёи Рушд вобаста хоҳад буд.

Тафсилоти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG