Абдуқайюми Қаюймзод
Додгоҳи Олии Тоҷикистон 21 октябр муҳокимаи парвандаи ҷиноии чаҳор тан аз аъзои як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқбари маводи мухаддирро ба итмом расонида, онҳоро ба мӯҳлати 20 солӣ аз озодӣ маҳрум кард.
Ин гурӯҳ моҳи июни соли равон ҳангоми интиқоли дусад кило ҳероин аз ноҳияи Ленин, сикилометрии Душанбе ба шимоли кишвар аз тарафи кормандони вазорати умумри дохила боздошт шуданд. Нуриддин Расулов- додраси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, ки таҳқиқоти парвандаи ҷиноии ин гурӯҳро ба поён бурдааст, дар робита ба ҳукми додгоҳ гуфт, парвандаи ҷиноии ду нафари дигар аз аъзои гурӯҳи мазкур ба иллати тафтишоти ғайривоқеӣ ва эъломи нодурусти айб, барои тафтишоти дуввумбора ба ихтиёри додситонии кулли кишвар баргардонида шуд.
Дар ҳамин ҳол ду тан аз роҳбарони асосии гурӯҳи мазкур - соҳибони маводи мухаддир Давлатшо Исломов - мудири тарабхонаи "Шаббода" воқеъ дар маҳаллаи Лучоби Душанбе ва Исроил Маҷидов пас аз боздошти шариконашон дар ҳоли фирор ба сар мебаранд ва дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомоти кишвар мавриди таъқиб ва ҷустуҷӯ қарор доранд.