Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Буҷаи Тоҷикистон афзоиш хоҳад ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Кумитаи оид ба иқтисод ва буҷаи Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон эълон дошт, ки буҷаи Тоҷикистон барои соли 2004-ум ба 900 миллион сомонӣ ё 300 миллион доллари Амрико баробар хоҳад шуд.

Абдуллоҷон Орифов - намояндаи мардумӣ аз кумитаи порлумон дар умури иқтисод, андоз ва буҷа 17 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имконоти иқтисодии Тоҷикистон дар чанд моҳи ахир нишон медиҳад, ки ҳаҷми буҷа барои соли оянда афзоиш дода хоҳад шуд: "Соли гузашта 637 миллион сомонӣ буд, имсол бояд аз 900 миллион сомонӣ бояд гузарад, даромадҳо бештар аз ҳисоби 17 намуди андоз хоҳад буд."

Ба назари оқои Орифов, имкон дорад, аз ин маблағ 45 дарсад танҳо барои иҷтимоиёти кишвар ҷудо карда шавад, ки ба он соҳаи тиб, таълиму парвариш ва соҳаҳои дигар шомил мешаванд. Аз буҷаи соли гузашта барои соҳаи иҷтимои ҳамагӣ 42 дарсад тахсис дода шуда буд.

Оқои Орифов ҳамчунин гуфт, феълан тарҳи буҷа дар дасти ҳукумат қарор дорад ва имкон дорад дар аввалҳои моҳи ноябр ба парлумон барои муҳокима ва тасдиқ пешниҳод гардад.

Абдухалил Шарифов - намояндаи шуъбаи молияи ҳукумати кишвар, ки тарҳи буҷа дар ҳамин шуъба баррасӣ шуда истодааст, мегуяд, воқеан буҷаи Тоҷикистон дар соли оянда ба 900 миллион сомонӣ мерасад. Абдухалил Шарифов гуфт, пояҳои асосии даромади буҷаи кишвар аз фуруши алюминиум ва пахта мебошад.

Бино ба иттилоъи вазорати саноати кишвар истеҳсоли алюминиум дар чанд моҳи ахири соли равон афзоиш дода шуд ва имкон дорад дар соли оянда якуним маротиба истеҳсоли он зиёд карда шавад.

Аммо ба назари иқтисоддонҳо вазъи ҷамъоварии пахта дар кишвар чандон хушҳолкунанда намебошад. Тоҷикистон қасд дорад, имсол шашсаду даҳ ҳазор тонна пахта ҷамъ оварад, вале то кунун танҳо беш аз ними ин рақам ҷамъоварӣ шуда ва аз ҳоло боришот шуруъ гашта, садди ҷамъоварии пахта шудааст.

XS
SM
MD
LG