Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд хабари фарҳангӣ аз Тоҷикистон



Раҳматкарими Давлат



16 октябр дар Тоҷикистон ба унвони "Рузи кинои тоҷик" таҷлил шуд. Ба ин муносибат дар киностудияи "Тоҷикфилм" ва хонаи синамогарони Тоҷикистон ҳамоиши ҳунармандон ва дустдорони синамо баргузор гардид. Инчунин дар ин руз нахустанмоиш ва муаррифии филми нави ҳунарие бо номи "Содиқ" доир шуд. Ин филмро коргардони иронии муқими Душанбе Шаҳриёр таҳия кардааст. Филми мазкур аз ҳаёти сокинони навраси шаҳр ва мушкилоти рузгори онҳо қисса мекунад.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тармим ва таҷҳизи китобхонаи ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ оғоз шудааст. Тибқи ин қарор тармим ва таҷдиди усули нигаҳдории китобҳо дар ин муассиса, ки бузургтарин китобхонаи Тоҷикистон аст, бояд то поёни соли оянда анҷом шавад. Дар ин китобхона бештар аз се миллион намунаи китобҳо мавҷуд мебошад.

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоӣ ҷиҳати фароҳам кардани шароити нигаҳдорории китобҳо дар китобхонаи ба номи Индира Гандии Фарҳангистони улуми кишвар ихтисос додааст. Ин маблағ ҳамчунин барои тармими толори мутолиа низ масраф хоҳад шуд. Дар ин китобхона ҳудуди дувуним ҳазор нусха китоб нигаҳдорӣ мешавад.

Дар шаҳри Душанбе озмуни сурудҳои бачагона зери унвони "Кишвари ман Тоҷикистон" доир шуд. Ин озмун бо ташаббуси вазорати фарҳанг, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва кумаки молиявии ЮНЕСКО баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмун 30 нафар ғолибони даври аввали озмун наврасони аз 7 то 14 сола аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ширкат доштанд.

Нашриёти "Адиб" китоби Камол Насрулло шоири тоҷикро таҳти унвони "Дар Фурудгоҳи Таманно" нашр кардааст. Ин китоб маҷмуъаи ғазалиёти нави шоирро дар бар мегирад. Ҳамин нашриёт инчунин маҷмуъаи нави ҳикояҳои нависандаи ҳаҷвнигор Аҳмадшоҳи Маҳмадшоҳро низ таҳти унвони "Дарро задам девор кафид" нашр кардааст.

XS
SM
MD
LG