Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурӣ:"Қонуни интихоботи МН ислоҳталаб аст."



Раҳматкарими Давлат



Сайид Абдуллои Нурӣ - раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИТ)хостори мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ислоҳоти Қонуни интихоботи Маҷлиси Намояндагони ин кишвар шудааст.

Сайид Абдуллои Нурӣ ин матлабро дар мулоқоти рузи чаҳоршанбеи худ бо Ив Бергейн раиси Маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе баён доштааст. У гуфтааст қонуни амалкунандаи интихоботи Маҷлиси Намояндагон имкони сӯйистифода ва мудохилаи ҳукуматҳои маҳаллиро дар ҷараёни интихобот фароҳам мекунад ва аз ин лиҳоз ниёз ба ислоҳот дорад.

Ҳикматулло Сайфуллозода - сухангуи раиси ҲНИТ дар ин бора гуфт: "Устод Нурӣ хоҳиш карданд, ки бо ташаббус ва бо мусоидати созмонҳои байналмиллалӣ, бахусус Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тавонем, ки ин ҳуҷҷат дар парламент муҳокима шавад ва як қонуни дурусте қабул карда тавонем, ки корҳои духӯрагӣ дар интихоботҳои Тоҷикистон доир нашаванд. Дар худи қонуни феълӣ комилан рад карда нашудааст, ки ҳукумати маҳаллӣ ё ба таври умумӣ гӯем ҳукумат набояд ба интихоботҳо дахолат кунад."

Оқои Нурӣ зимни ин мулоқот ҳамчунин гуфтааст, бояд наҳваи фаъолияти Комиссияи интихоботӣ низ тағийр кунад ва намояндагони ҳамаи ҳизбҳо вориди ин комиссия шаванд. Ва ё дар ғайри ин сурат пешниҳоди оқои Нурӣ ин аст, ки аъзои ин комиссия бояд афроди ғайриҳизбӣ бошанд.

Оқои Сайфуллозода аз қавли раиси ҲНИТ ҳамчунин гуфт, Ҳизби Наҳзат дар интихоботи оянда бо як барномаи мушаххаси иқтисодӣ ширкат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG