Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҲНИТ бо намояндаи СММ мулоқот кард



Мирзои Салимпур



Рузи 13 октябр Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон (ҲНИТ) дар шарҳи Душанбе бо ходими масъули идораи сиёсии Созмони Милал Владимир Горяев мулоқот кардааст.

Сухангуи ҲНИТ Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфт, оқои Нурӣ дар ин мулоқот хостори тағйироти ҷиддӣ дар қонунҳои интихоботи Тоҷикистон шуд ва гуфт, танҳо дар сурати бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ такмил шудани ҳайъати комиссияҳои интихобот мешавад шаффофияти воқеъӣ ва мурооти демократия дар маъракаҳои интихоботиро таъмин кард. Раиси ҲНИТ гуфтааст, ки ҳизбаш дар интихоботи оянда як барномаи мустақили рушди иқтисодии кишварро пешниҳод хоҳад кард.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ бо ёдоварӣ аз пешрафтҳои Тоҷикистон дар роҳи ислоҳоти сиёсиву демократӣ ва тавсиъаи озоди матбуот, аз мизони фақри аҳолӣ ва густариши фаъолиятҳои созмони ғайриқонунии Ҳизб-ут-Таҳрир дар кишвар ибрози нигаронӣ намуд. Оқои Нурӣ ҳамчунин аз хабарҳо дар ин бора, ки гуруҳҳои Маҳмуд Худорйбердиев аз хоки Узбакистон нақшаи ҳамла ба хоки Тоҷикистонро мекашанд, изҳори ташвиш кардааст.

Намояндаи Созмони Милал Владимир Горяев вуҷуди як ҳизби мазҳабӣ ба мисли ҲНИТ дар саҳнаи сиёсии ин кишварро муҳим номида, баргузор шудани конфаронси ин ҳизб дар шаҳри Кулобро ҳодисае мусбат арзёбӣ намуд.

XS
SM
MD
LG