Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони кушташуда аз қисми 3501 будаанд



Маъсум Имомов



Додситонии низомии вилояти Суғд дар робита ба ҳодисаи ҳалокати 4 сарбози як воҳиди низомии артиш дар шаҳри Хуҷанд парвандаи ҷиноӣ боз карда, ба таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса пардохтааст.

Баҳром Усмонов, муовини раиси комиссариати низомии вилояти Суғд мегуяд, 4 сарбози қисми низомии дар шаҳри Хуҷанд мустақаршудаи 3501 Мудассир Раҳимов, Фурқат Умаров, Илҳом Рустамов ва Шукрулло Қобилов дар асари болои хаймаи онҳо фуру рехтани девори қалъа ҷони худро аз даст доданд. Қисми низомии 3501 то кунун дар дохили ҳамин қалъа мустақар буд.

Сарбозони кушташуда ҳамагӣ аз 19 то 22 сол дошта, аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон барои адои хидмати ҳатмии дусола ба артиш даъват шуда буданд.

Ба гуфтаи Баҳром Усмонов, пас аз ин фоҷиа ҷасади ҳар чор аскари кушташударо аз зери хоки девори фурурафтаи Қалъаи куҳнаи шаҳри Хуҷанд берун оварда, ба зодгоҳи онҳо интиқол додаанд.

Афсарони қисми низомии 3501 мегуянд, сабаби фуру рафтани девори Қалъаи Куҳна боришоти пайдарпайи охир буд.

Ин қалъаи қадима дар маркази шаҳр воқеъ буда, дар дохилаш чанд сол боз ин воҳиди низомӣ мақар дошт. Вале ахиран бо тақозои шаҳрдории Хуҷанд қисми низомии 3501 тасмим гирифт, аз дохили Қалъаи куҳнаи тағйири макон кунад.

XS
SM
MD
LG