Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банки Осиёӣ ва шабакаи обёрии Тоҷикистон



Салими Аюбзод



Банки Осиёии Рушд мегӯяд, дар садади тасдиқ кардани барномаест, ки бояд зербинои шабакаи обёрии Тоҷикистонро бозсозӣ намояд ва аз ин роҳ ба кишоварзони тоҷик кӯмак кунад. Иқтисодчии лойиҳаҳои банк Эмили Гозелӣ мегӯяд, ҳаҷми ин кӯмак 600 ҳазор долларро ташкил дода дар 47 ноҳияи Тоҷикистон амалӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Гозелӣ, барномаи нави Банки Осиёии Рушд ҳадаф дорад, на танҳо шабакаи фарсудаи обёрии Тоҷикистонро тармим кунад, балки онро бо техникаи нави замонавӣ муҷаҳҳаз гардонад.

Банк умедвор аст, ки беҳбуди шабакаи обёрии кишоварзӣ дар деҳоти Тоҷикистон ба иҷрои бахше аз Барномаи стратегии коҳиши фақр мусойидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG