Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ниругоҳи Қайроқум ба тармим ниёз дорад



Нурмуҳаммади Холзода



"Азия Плюс", хабаргузории мустақили Тоҷикистон, иттилоъ додааст, ки барои таъмиру таҷдиди таҷҳизоти ниругоҳи барқи обии Қайроқум 26 800 000 доллар зарур аст. Ин нуктаро ширкати "Барқи Тоҷик" баъд аз таҳияи барномаи корҳои таъмири ниругоҳ изҳор доштааст.

Ин ниругоҳ соли 1959 сохта шуда буд ва ҳоло тамоми вилояти Суғдро бо нируи барқ таъмин мекунад. Коршиносони вазорати энержии Тоҷикистон мегуянд, ки баъд аз анҷоми корҳои таъмиру таҷдид тавлиди нируи барқ аз 126 мегават то 156 мегават афзоиш меёбад.

Бино ба ин хабар, ҳоло ҳамаи шаш агрегати ниругоҳ ру ба харобӣ овардааст.

XS
SM
MD
LG