Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Белгия барои чидани минаҳо ёрӣ мерасонад



Мирзонабии Холиқзод



Ҷонмаҳмад Раҷабов, раиси маркази миллии минарубии Тоҷикистон, рузи 8 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Белгия махсус барои безараргардонии минаҳо дар манотиқи Тоҷикистон беш аз 30 000 доллар ихтисос дод. Ба гуфтаи оқои Раҷабов, ин маблағ барои харидории дастгоҳҳои ташхиси майдонҳои минагузоришуда ва безараргардонии минаҳо сарф хоҳад шуд.

Вазири хориҷаи Белгия Луи Мишел низ ба хабаргузориҳо ин иттилоъро тасдиқ намуда гуфтааст, зери фармони ҷудо намудани маблағ барои барномаи Тоҷикистон дар масъалаи минарубӣ шахсан имзо гузоштааст.

Раиси маркази миллии минарубии Тоҷикистон Ҷонмаҳмад Раҷабов гуфт, то кунун бо кумаки ҳукумати Канада, ки бо маблағи 100 000 евро ёрӣ расонидааст, ва бо дастгирии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар ҳаҷми 200 000 еврои дигар, барномаи безараргардонии минаҳо дар минтақаи Тавилдара, 200-километрии шарқи пойтахти кишвар амалан шуруъ шуд. Дар ҳоли ҳозир, буҷаи умумии ин барнома 500 000 евроро дар бар мегирад.

Оқои Раҷабов мегуяд, дар манотиқи Тоҷикистон аслан минаҳои зиддинафар вуҷуд дорад, ки дар солҳои руёруии байни солҳои 1993- 1997 нируҳои ҳукумат ва размандаҳои мухолифин истифода кардаанд. Вай меафзояд: "Тибқи маълумоти мавҷуда, тайи чанд соли ахир бар асари таркиши минаҳо беш аз 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар манотиқи ҷангзада ба ҳалокат расида ва беш аз сад нафар кушта шуд."

Дар ҳоли ҳозир, марҳалаи дуввуми барномаи минарубӣ дар ҳоли поёнёбист.Ду моҳ қабл гуруҳи кории маркази милии минарубӣ дар чаҳорчуби барномаи безараргардонии минаҳо як силсила суҳбату мулоқотҳоро барои дақиқ сохтани ҷойҳои минахобонидашуда бо мардуми минтақаи Тавилдара шуруъ намуд. Пас аз дақиқ сохтани майдонҳои минагузоришуда дар оғози соли оянда амалиёти барчидани минаҳо шуруъ мегардад.

XS
SM
MD
LG