Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе ба Афғонистон сарбоз мефиристад



Мирзонабии Холиқзод



Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон рузи панҷшанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, як гуруҳ аз баталйони минарубӣ ва пизишкони ҳарбии нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба нишони кумаки башардустона дар раванди бозсозии Афғонистон ширкат хоҳанд кард.

Шералӣ Хайрулоев афзуд, интизор меравад дар охирҳои моҳи равон дар пойтахти Тоҷикистон роҷеъ ба ширкати пизишкон ва минарубҳои тоҷик дар бозсозии Афғонистон гуфтушунид байни як ҳайати паймони низомии НАТО ва мақомоти Тоҷикистон сурат гирад: "Дар охирҳои моҳи октябр намояндаи штаб-квартираи НАТО ба Тоҷикистон меояд ва мо маслиҳат мекунем. Ва агар онҳо розӣ шаванд, мо омода ҳастем 30 нафар аз ҳисоби минарубҳо барои поксозии деҳоту шаҳрхо аз минаҳо ба он ҷо фиристем."

Ба назари вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев, гуруҳи пизишкони ҳарбии вазорати дифоъ метавонад дар омузондани пизишкони ҳарбии Афғонистон ва дар бунёди беморхонаҳои сайёр ва дар амалиёти ҷарроҳӣ ширкат кунад. Оқои Хайруллоев истифодаи нируи пизишкони тоҷикро дар Афғонистон бартар меҳисобад, чунки забони муштарак, яъне тоҷикӣ имкон медиҳад, ки табибони тоҷик бо мардуми афғон муносибати хубу ҳасана дошта бошанд: "Мо метавонем имруз аз ҳисоби духтурони ҳарбии худ барои кумак ба пизишкони онҳо, барои табобат кардани аскарон ва дар ташкил намудани госпиталҳои ҳарбӣ ба онҳо кумак кунем".

Тибқи иттилоъи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ин кишвар аз замони шуруъи амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ба артиши Афғонистон кумак мерасонад. Ба гуфтаи вазири дифоъи ин кишвар, ба тозагӣ беш аз 30 сарбози нируҳои мусаллаҳи Афғонистон пас аз хатми донишгоҳи ҳарбии Тоҷикистон ба Кобул баргашт.

XS
SM
MD
LG