Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир баррасӣ шуд



Абдуқайюми Қайюмзод



Фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир ба унвони як ҳизби ҷиноӣ дар нишасти ниҳодҳои интизомии пойтахти Тоҷикистон 2 октябр мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Ҳабибулло Воҳидов, додситони шаҳри Душанбе ва раиси Шурои ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахт аз Ҳизб-ут-Таҳрир ҳамчун ҳизби экстремист ва тундгаро ном бурда афзуд, дар нишасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе амалҳои ҷиноии аз ҷониби аъзои ин ҳизб рухдода ва усули мубориза алайҳи он мавриди муҳокима қарор дода шуд. Оқои Воҳидов гуфт: "Экстремизми динӣ дар Тоҷикистон бо фаъолияти Ҳизб-ут-Таҳрир зуҳур намудааст. Аз соли 1998 сар карда, ин ҳизб дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ амал мекунад ва як ҳизби моҷароҷу мебошад. Фаъолон ва аъзои он ба барои тарғиби фикру ақидаҳои худ ба тақсим кардани варақаву адабиёт машғуланд, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳашон гирифта мешавад, яъне онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд." Тибқи иттиллоъи додситони шаҳри Душанбе, аз моҳи апрели соли 2001 то ҳоли ҳозир баррасии 24 парвандаи ҷиноӣ нисбати 34 нафар аз аъзо ва фаъолони Ҳизб-ут-Таҳрир, ки дар пойтахт даст ба амалҳои ғайриқонунӣ задаанд,ба анҷом расидааст. Ин нафарон ба иттиҳоми нақзи бандҳои алоҳидаи қонуни ҷиноии кишвар, аз қабили ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ, барангехтани низоъи милливу мазҳабӣ ва нажодӣ ва даъват барои сарнагунсозии ҳокимият бо истифода аз зур гунаҳгор дониста шуда, тибқи ҳукми додгоҳ ба муддатҳои аз 15 то 18 солӣ зиндонӣ шудаанд. Оқои Воҳидов афзуд, аз ин афрод беш аз 30 номгуи китобу дастуроти ташвиқотӣ, ки дар онҳо умдатан даъват ба ҷиҳод алайҳи намояндагони адёни ғайр ва ташкили хилофати исломӣ дар тамоми дунё шудааст, мусодира гардид. Ҳизб-ут-Таҳрир дар Тоҷикистон аз соли 1998 даст ба фаъолият задааст. Вале танҳо аз соли 2001 бо қарори махсуси Додгоҳи Олии Тоҷикистон фаъолияти он дар қаламарави кишвар мамнуъ эълон шуд.

XS
SM
MD
LG