Мирзои Салимпур
Бино ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", дар Чеченистон 3 шаҳрванди Узбакистон ва 1 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Як мақоми амниятии маъмурияти ру ба Маскави Чеченистон гуфт, ин афродро дар наздикии рустои Мескер-Юрт, дар минтақаи Шалии шоҳроҳи Қафқоз дастгир карданд.
Боздоштшудаҳо феълан ба убури ғайриқонунии марз муттаҳам мешаванд. Аммо ҷузъиёти бештари заминаҳои боздошти ин чаҳор нафар дар хабари "Интерфакс" наомадааст.