Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили Маҷлиси Намояндагон ба пойин расид



Раҳматкарими Давлат



Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон баъд аз поёни таътили тобистона ба кори худ оғоз кард. Дар ин иҷлосия лоиҳаи тағйирот ба қонуни Тоҷикистон дар бораи рузҳои ҷашн қабул ва тибқи он рузи 26 май ба унвони рузи касбии адвокатҳо ба расмият дароварда шуд.

Маҷлиси Намояндагон инчунин шартномаи миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустонро дар бораи ёрии ҳуқуқии байниҳамдигарӣ оид ба баррасии парвандаҳои ҷиноӣ ба тасвиб расонид.

Маҷлиси Намояндагон зимни ин иҷлосия ҳамчунин як силсила созишномаҳои дигари байниҳукуматӣ, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Молдоваро дар бораи ҳимояи мутақобили сармоягузориҳо ва созишномаи миёни Тоҷикистону Олмон дар бораи ҳамкориҳои техникиро низ, ки дар солҳои 2002 ва 2003 ба имзо расидаанд, ба тасвиб расонид.

Вакилони Маҷлис аслан бидуни баҳсу талош ва баррасӣ ин масоилро дар зарфи камтар аз ним соат ба тасвиб расонида ва кори иҷлосияро ба поён бурданд.

Иҷлоси Маҷлиси Намояндагон рузи 8 октябр идома хоҳад кард. Қарор аст, дар даври дигари иҷлосия қонуни Тоҷикистон дар бораи гардиши маводи таркандаи таъйиноти ғайринизомӣ, қонуни таъмини бехатарӣ дар иншооти саноатии хатарнок ва лоиҳаи тағйирот ба қонуни Тоҷикистон дар бораи радио ва телевизон баррасӣ гардад. Ду қонуни маводи тарканда ва бехатарии корхонаҳои саноатӣ аз ҷумла ба мақсади ҷилавгирӣ аз эҳтимоли ҳаводиси террористӣ бо истифода аз мавоиди таркандаи таъйиноти техникӣ ва мутобиқгардонии санадҳои меъёрӣ ба талаботи Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар бораи таъмини бехатарии кор дар корхонаҷоти саноати маъдан пешниҳод шудаанд. Бо ворид намудани тағйирот ба қонуни радио ва телевизон интизор меравад тартиби гирифтани литсензия барои пахши барномаҳои радиоиву телевизонӣ ва дастёбӣ ба роҳандозии воситаҳои электронии ахбор оддитар сохта шавад.

XS
SM
MD
LG