Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмонов дар СММ суханронӣ кард



Мирзои Салимпур



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов рузи сешанбе дар Маҷмаъи Кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ) суханронӣ кард. Оқои Раҳмонов қочоқи маводи мухаддирро дар ин суханрониаш умдатарин таҳдид ба суботи Осиёи Марказӣ ва хориҷи он арзёбӣ намуда, ҷонибдори ташкили як эътилофи ҷаҳонии мубориза алайҳи он шуд.

Эмомалӣ Раҳмонов дар ин робита афзуд:"Аммо комёбии мубориза бо ҳамлаи маводи мухаддир, ки дар кишварҳои дур аз Тоҷикистон фоидаҳои миллиарддоллариро дар ақиб дорад, танҳо дар сурати муттаҳид сохтани талошҳои умумӣ имконпазир мешавад. Бо дарназардошти афзоиши таҳдиди маводи мухаддир ва ба хотири вусъат додани ҳамкории ҳамаҷониба дар ҷиҳати мубориза алайҳи он пешниҳод мекунам, ки як Мушорикати ҷаҳонии муқобила бо хатари маводи мухаддир таъсис дода шавад. Чунин эътилофи хоси густарда алайҳи маводи мухаддир дар роҳи густариши ин шарорат садди ҷиддие шуда метавонист."

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин даъват кард, як Даҳсолаи ҷаҳонии оби тоза низ эълон шавад: "Пешниҳод мекунам, фосилаи байни солҳои 2005 то 2015 Даҳсолаи байналмилалии оби тоза эълон шавад. Қабули қарори вижаи Маҷмаъи Кулл дар ин масъалаи ҳаётан муҳим давоми мантиқии ғояҳои Соли оби тоза ва ҳам ҷавобгуи он муқаррароти Эъломияи ҳазорсола хоҳад шуд, ки то соли 2015 ду маротиба коҳиш додани шумораи мардумеро ҳадаф гузоштааст, ки ба оби тозаи ошомиданӣ ва шароити беҳдоштӣ дастрасӣ надоранд."

Эмомалӣ Раҳмонов дар Маҷмаъи Кулл изҳори итминон намуд, ки равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон беш аз пеш тавсиъа хоҳанд ёфт. Аммо у афзуд, ин ба маъние нест, ки демократияи ҷавон дар кишвараш осебнопазир шудааст.

Президенти Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти иқтисодии кишварҳои фақирро дар роҳи ҳаракати онҳо ба суи низоми демократӣ муҳим хонд ва гуфт: "Пеш аз ҳама мо ҳаққ надорем, худи ғояи демократияро беэътибор гардонем, чунки ҷомиаи Тоҷикистон умедаш ба зиндагии хубтарро то ҳол бо он алоқаманд мекунад. Аммо тавре таҷриба нишон дод, як тарзи содаи гузаштан аз раванди сиёсӣ ба иқтисоди пешрафта вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, таҷрибаи Тоҷикистон зарурати бозсозии комили баъдиҷангиро таъйид мекунад. Афзудани самараи чунин талошҳо бояд дар хатти машши фаъолиятҳои СММ ва ҷомиаи байналмилалӣ қарор бигирад. Минтақаҳои низоъ бояд ба макони субот табдил ёфта, намунаи муносиб барои пешгирӣ аз бурузи фоҷиаҳои нав шаванд. Ваъдаҳои кумакрасонҳо низ бояд масъулона бошанд, нафақат умедворкунанда."

Эмомалӣ Раҳмонов қочоқи маводи мухаддирро як манбаъи муҳими таъмини молии фаъолияти гуруҳҳои террористӣ ном бурд, вале гуфт, терроризмро танҳо бо зури низомӣ аз байн бурда намешавад. Президенти Тоҷикистон гуфт, кишвараш мехоҳад Осиёи Марказиро як минтақаи босубот ва амн бубинад.

XS
SM
MD
LG