Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суръати ғунучини пахта имсол сусттар аст



Мирзои Салимпур



Муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон Ихтиёр Ашуров ба хабаргузории "Интерфакс" гуфт, то 30 сентябр дар кишвар 210 500 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 дарсад камтар аст. Соли гузашта дар ин муддат кишоварзони тоҷик 282 400 тонна пахта ҷамъ карда буданд.

Ихтиёр Ашуров гуфт, нақшаи имсола 610 000 тоннаро ташкил медиҳад ва ба ин тартиб то ҳол танҳо дар ҳудуди 34 дар сади нақша ҳосили пахта ғунучин шудааст.

Ҷамъи пахтаи маҳиннахи ғундошта то 30 сентябр тақрибан 50 000 тонна гуфта мешавад, ки низ каме бештар аз 35 фоизи нақшаи имсоларо ташкил медиҳад.

Соли гузашта хоҷагиҳои кишоварзии Тоҷикистон маҷмуъан 515 400 тонна пахта гирд оварданд, ки барои чанд соли охир натиҷае бесобиқа дониста мешавад. Дар заомни шуравӣ дар Тоҷикистон ҳамасола то 900 000 тонна пахта ҷамъ оварда мешуд.

Тақрибан ҳамаи пахтаи Тоҷикистон ба хориҷа фурухта мешавад. Аз ҷумла соли гузашта Тоҷикистон ба миқдори 137 200 тонна нахи пахта содир кардааст, ки 17,4 дарсади ҷамъи содироти кишварро дар бар мегирад. 37 дар сади пахтаи Тоҷикистонро Суис, 24 фоизашро Латвия ва 14 дарсади онро Русия харидорӣ кардаанд.

Ба навиштаи "Интерфакс", ба хотири афзудани ҳосили пахта ва ҷалби таваҷҷуҳ ба ин соҳаи муҳими иқтисод ҳукумати Тоҷикистон соле пеш андози арзиши изофаро аз тамоми ҳосили соли гузашта лағв намуд. Сар аз соли ҷорӣ андози даҳфоизаи фуруши пахта низ бо ҳамин хотир аз байн бурда шуд.

XS
SM
MD
LG