Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Ҷаҳонӣ 80 милёни дигар медиҳад



Раҳматкарими Давлат



Бонки Ҷаҳонӣ ҷиҳати пуштибонӣ аз барномаи тавсеъаи Тоҷикистон 80 милён доллар ба ин кишвар кумак хоҳад кард. Шигео Катсу, муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ баъд аз мулоқотҳояш бо мақомоти Тоҷикистон шоми душанбе ба хабарнигорон гуфт: "Барномаи роҳбурдии кумак ба Тоҷикистон аз ҷониби шурои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ қабул шудааст. Ва дар чаҳорчуби ин барнома барои Тоҷикистон 80 милён долар ихтисос дода хоҳад шуд. Вале дар айни ҳол Бонки Ҷаҳонӣ омомда ҳаст, дар сурати муваффақияти бештар касб кардани идомаи барномаи ислоҳоти ҳукумати Тоҷикистон, масъалаи афзоиш додани ин маблағро баррасӣ кунад."

Муовини раиси Бонки Ҷаҳонӣ афзуд, 34 дарсади ин маблағ ба сурати кумаки бебозгашт ба ихтиёри ҳукумати Тоҷикистон дода хоҳад шуд. Аммо оқои Катсу дар айни ҳол гуфт, раванди ислоҳот ва хусусигаронӣ дар Тоҷикистон бояд ба таври шаффофтар сурат бигирад.

Шигео Катсу ҳамчунин афзуд, Бонки Ҷаҳонӣ талош хоҳад кард, то ба Тоҷикистон дар роҳи дарёфт намудани малбағе, ки кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон дар баҳори гузашта ба ин кишвар ваъда карданд, низ кумак кунад, аммо дарёфти ин кумакҳо на ҳамеша аз ҷониби кумаккунанда вобастагӣ дорад ва ҳукумати Тоҷикистон низ бояд барномаи мушаххасе дар ин бора бояд дошта бошад.

Бонки Ҷаҳонӣ то кунун 11 барномаи ҳукумати Тоҷикистонро дар заминаи ислоҳоти сохтории ҳукумат, кишоварзӣ, тарбия ва парвариш ва ҳифзи буҷаи давлатӣ ба маблағи 322 милён доллар сармоягузорӣ кардааст. Аз ин маблағҳо то кунун 202 милёнаш масраф шудааст. Ҳамчунин 7 барномаи дигари ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG