Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайъати парлумони Аврупо ба Душанбе омад



Мирзонабии Холиқзод



Антонио ди Петро, раиси ҳайати парлумони Аврупо, 29 сентябр ба хабаргузориҳо дар пойтахти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳадафи аслии сафари як гуруҳи кории Европарлумон ба ин кишвар омода намудани асноди лозима барои имзои як созишномаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошад.

Оқои ди Петро афзуд: "Вазифаи гуруҳи корӣ барои имзо тайёр намудани созишномаест, ки то кунун Европарлумон бо кишварҳои собиқи шуравӣ, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, ба монанди Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва бо давлатҳои дигар ба имзо расонидааст. Аммо барои ин ҳайати парлумони Аврупо бояд бо вазъи сиёсӣ, бо раванди демократия дар ин кишвар, бо вазъи иқтисодӣ, бо ҳуқуқи башару озодии баён ва бо масоили дигар аз наздик ошноӣ пайдо кунад, зеро аз Тоҷикистон ба Европорлумон хабарҳои зиддунақиз мерасад."

Ҳайати парлумони Аврупо рузи душанбе бо нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва бо намояндагони палатаҳои порулмони ин кишвар мулоқот намуд. Оқои Оқилов роҷеъ ба имконоти иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бораи захоири энержии ин кишвар гузориш дод, ки кишварҳои Аврупо метавонанд ба он ҳамчун ба манобеи сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.

Дар мавриди бекор намудани ҳукми қатл дар Тоҷикистон оқои ди Петро гуфт: "Европарлумон аллакай аз ҳамаи кишварҳое, ки дар он ҷо ҳукми қатл амал мекунад, даъват ба амал овардааст, ки ҳукми қатлро лағв кунанд. Ман шахсан зери санаде, ки лағви ҳукми қатлро талаб мекунад, имзо гузоштам ва ин санад, чуноне ба Амрико дахл дорад, ҳамчунон на камтар ба Тоҷикистон низ дахл дорад".

Антонио ди Петро ҳамчунин гуфт, парлумони Аврупо кушиш дорад робитаҳои худро бо ниҳодҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Тоҷикистон таҳким бахшад ва аз Рушди тиҷорати озоди Тоҷикисон истиқбол хоҳад кард. У афзуд, парлуомни Аврупо дар ҷараён аст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиши фақр дар кишвар талош дорад.

XS
SM
MD
LG