Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари раиси Бонки Исломӣ оғоз ёфт



Раҳматкарими Давлат



Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки Исломии Рушд(БИР) шоми рузи чоршанбе бо як гуруҳи 150-нафарӣ аз бозаргонон ва соҳибони сармоя вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд.

Ҳадаф аз сафари Муҳаммад Алӣ ва ҳамроҳонаш, ки умдатан сармоядорони кишварҳои арабӣ мебошанд, ширкат дар конфронси байналмилалии инвесторҳо ё сармоягузорони кишварҳои узви БИР мебошад. Ин конфронс қарор аст рузҳои 25 - 28 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардад.

Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳангоми вуруд дар фурудгоҳи Душанбе гуфт: "Ҳадафи аслии конфронси мазкур ин аст, ки сармоядорон ва тоҷирони кишварҳои узви Бонки Исломӣ бо Тоҷикистон ва авзои иқтисодии он ошно бишаванд. Ҳадаф ин аст, ки тоҷирон ва бозаргонони ин кишварҳо бо ҳам ошно шаванд ва тавасути фаъолиятҳои муштарак ба густариши муносибатҳои иқтисодӣ ва тиҷорати миёни кишварҳо мусоидат кунанд."

Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳори итминон кард, ки бозаргон ва соҳибкороне, ки ҳамроҳаш овардааст, ҳамкорони тоҷики худро пайдо хоҳанд кард ва фаъолиятҳои муштарак ба роҳ хоҳанд уфтод. Ба ин тартиб, у изҳори умедворӣ кард, ки конфронси Душанбе ба ҳадаф хоҳад расид. У инчунин аз соҳибкорон ва тоҷирони Тоҷикистон даъват кард, ки аз ин фурсати муносиб барои барқарор кардани муносибаҳои корӣ бо ширкатҳои кишварҳои узви Бонки Исломӣ пурсамар истифода кунанд.

БИР то кунун чандин барномаи ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла барномаи тармими шабакаи оби Душанбе, обёрии заминҳои Данғара, идомаи сохтмони роҳи Кулма - Қароқурум ва чанд барномаи беҳдоштӣ ва тарбияву парваришро сармоягузорӣ кардааст.

Дар конфронси кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон дар баҳори гузашта барои Тоҷикистон расонидани кумаки 900-милёндолларӣ ваъда шуда буд, агарчанд Тоҷикистон аз ин маблағ то кунун чизе дарёфт накардааст. Аммо дар ин навбат ваъдасупории конфронси мазкур дар назар нест ва ҷалби сармояи кишварҳои узви Бонки Исломии Рушд аз маҳорати корчалонӣ ва кордонии соҳибкорон ва роҳбарони муасисаҳои Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG