Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули муҳоҷирон баробари буҷаи давлат аст



Мирзои Салимпур



Хабаргузории ИТАР-ТАСС бар пояи таҳқиқоти маркази илмиву таҳлилии "Шарқ" навишт, ки воридоти солонаи пули мардикорони тоҷик ба маблағи буҷаи солонаи Тоҷикистон тақрибан баробар шудааст.

Буҷаи давлатии Тоҷикистон дар сол ҳудуди 250 милён доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик солона на камтар аз 200 милён доллар ба Тоҷикистон пул ворид мекунанд.

Бино бар ҳисоби маркази таҳлилии "Шарқ", 84 дар сад аз ҳудуди 600 000 муҳоҷири тоҷик аз соли 2000 то моҳи феврали соли равон дар Русия кору зиндагӣ кардаанд. Ин марказ бар пояи се пурсиши сотсиологӣ, ки 4 000 нафарро дар Тоҷикистон фаро гирифт, менависад, танҳо дар ду соли охир 530 000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия барои худ ҷойи кор пайдо кардаанд.

67 дар сади муҳоҷирон гуфтаанд, зиндагии онҳо аз сафари Русия беҳтар шуд. 15 дар сади онҳо бар ин назаранд, ки пас аз муҳоҷират рузгорашон хеле беҳтар шудааст.

XS
SM
MD
LG