Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хоруғ ҷоиза гирифт



Мирзои Салимпур



Иттиҳодияи донишмандони ҷавони вилояти Бадахшон озмуни беҳтарин мақола дар бораи ояндаи ин вилоятро натиҷагирӣ кардааст.

Ожонсии "Азия Плюс" аз қавли раиси ин иттиҳодия Ҳадис Элназаров навишт, ки мақолоти хабарнигори маҳаллӣ Назардод Ҷонбобоев, хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзоҷалол Шоҳҷамолов ва донишҷуи Донишгоҳи шаҳри Хоруғ Амонбек Амонбеков дар ин озмун беҳтарин дониста шуда, муаллифон бо ҷоизаҳои пулӣ қадр карда шуданд.

Ин озмунро як шаҳрванди Амрико, ки номашро пинҳон медорад, маблағгузорӣ мекард. Иттиҳодияи донишмандони ҷавони Бадахшон мегуяд, ин сармоягузорро тавассути Интернет пайдо кардааст.

XS
SM
MD
LG