Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳои фарҳангии ин ҳафта



Раҳматкарими Давлат



Дар шаҳри Душанбе бо мусоидати бунёди фарҳангии "Бохтар" ва телевизони Тоҷикистон намоишгоҳи "Яғноб - муаммои этнографии ҷаҳон" доир гардид. Дар ин намоишгоҳ офаридаҳои расомон Ғуломалӣ Шукуров ва Саъдулло Сулаймонов, ки аз тасвири манзара, расму одат ва тарзи зиндагии мардуми Яғноб иборатанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамчунин як филми мустанад аз рузгор ва боварҳои мардуми Яғноб, ки тавассути "Тоҷиктелефилм" таҳия шудааст, низ ба намоиш гузошта шуд.

Филмсозони тоҷик таҳияи филми "Шоҳ Носири Хусрав"-ро ба поён расонида ва манзури бинандагон сохтанд. Ин филм аз рузгор ва осори шоир қисса намуда, ба бузургдошти 1000-солагии Носири Хусрав бахшида шудааст. Муалифи филмнома оқои Кишовҷӣ аз Амрико буда, филмро коргардони тоҷик Сафари Ҳақдод таҳия кардааст. Ҳадафи аслии филм тасвири симои маънавии Носири Хусрав мебошад.

Бунёди мақбараи шоира Робиаи Хуҷандӣ дар деҳаи Ғувинди ноҳияи Мастчоҳ ба анҷом расид. Ин иқдом бо ташабуси ҳукумати вилояти Суғд амалӣ шудааст. Рузи шанбе, 20 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон ҳунарнамоии устодони санъат таҳти унвони "Консерт барои сулҳ" баргузор мегардад. Ин барномаи ҳунарӣ бо ташабуси намояндагии СММ дар Тоҷикистон ба муносибати рузи ҷаҳонии сулҳ амалӣ мешавад. Дар чаҳорчуби барномаи таҷлил аз рузи сулҳ, ки 21 сентябр баргузор мешавад, ҳамчунин доир намудани дигар чорабиниҳои фарҳангӣ низ дар назар аст.

Ба муносибати бузургдошти ҳазораи Носири Хусрав Акдемияи илмҳои Тоҷикистон осори ин шоир ва донишмандро дар чаҳор ҷилд ба нашр расонидааст. Ҳамчунин рисолаи "Ваҷҳи дин"-и Носири Хусрав ба таври ҷудогона чоп шуд. Осори Носири Хусравро донишмандони тоҷик Амрияздон Алимардонов ва Алиқул Девонақулов барои нашр таҳия кардаанд.

XS
SM
MD
LG