Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ориёнбонк" дар Кобул шуъба мекушояд



Раҳматкарими Давлат



Муносиботи тиҷоратӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба миёни ду кишвари Тоҷикистону Афғонистон бештар аз ҳар вақти дигар рушд кардааст. Чандин ширкатҳои Тоҷикистон барои авалин бор дар Афғонистон намояндагиҳои худро боз карда ва ба ҳамкориҳои муштарак оғоз кардаанд. Ахиран ба гуфтаи намояндаи "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон як ҳайат аз ин муассисаи тоҷикӣ ба Кобул сафар карда ва мувофиқа шудааст, ки оғози моҳи октябр шуъбаи "Ориёнбонк" дар Кобул ба фаъолият оғоз кунад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Муъминов - муовини мудири кулли ширкати "Вавилон" мегуяд, боз шудани намояндагии "Ориёнбонк" дар Кобул метавонад ба густариши бештари ҳамкориҳо мусоидат кунад. У мегуяд, ширкати "Вавилон" аз як сол ба ин ҷониб бо Афғонистон ҳамкорӣ дорад ва ба ин кишвар технологияҳои компутарӣ ва интирнет ворид мекунад, аммоо бино ба адами мавҷудияти низоми байналмилалии бонкӣ пардохтҳо то ҳол сари вақт анҷом намешуданд.

Ба гуфтаи Бахтиёр Муъминов, ширкати онҳо то кунун шаҳри Кобулро ба шабакаи интернет васл кардааст, ки ҳудуди 300 нафар аз хидмати онҳо истифода мекунад ва ҳамакнун мутахасисони ин ширкат саргарми роҳандозии интернет дар шаҳри Мазори Шариф мебошанд. У мегуяд, инчунин дар мавриди роҳандозии телефони ҳамроҳ дар Кобул ва шаҳрҳои шимоли Афғонистон низ як барномаро руйи даст доранд.

Тафсилоти ин мавзуъ дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG