Раҳматкарими Давлат
Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон рузи сешанбе иттиҳомоти алайҳи у нашршуда дар саҳифаи интернетии хабаргузории давлатии "Ховар"-ро кори дасти идораҳои махсус ва тавтиъаи сиёсӣ номида, ҳар навъ иддаои муаллифи он матлаб дар бораи мушорикати вай дар куштори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Собирҷон Бегиҷоновро қатъиян радд кард.
Оқои Нурӣ аз хидматаш дар роҳи сулҳи Тоҷикистон сухан ронд ва гуфт, ҳадафи муаллифи мармузи мақола Суҳроби Ором дубора дар миён андохтани нооромӣ буд.
Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.