Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 700 кас пулашро аз "Ҷамолкомпания" гирифт



Мирзои Салимпур



Додситонии кулли Тоҷикистон мегуяд, бо кушиши ин идора аз 22 август ба ин тараф ба 5 700 тан аз сармоягузорони ширкати "Ҷамолкомпания" пули дар ин корхона гузоштаи онҳо ба маблағи каме бештар аз 7 милён сомонӣ, муодили 2 300 000 доллар, баргардонида шуд.

Муовини додситони кулл Азизмад Имомов ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, қарор буд, бозпардохти ин маблағҳо то 15 сентябр ба охир бирасад, вале ин маърака то кунун идома дорад. Оқои Имомов мегуяд, тибқи руйхати тартибдодаи додситонӣ боз тақрибан 2 500 каси дигар, ки дар ин ширкат то 1 000 доллар сармяо доштаанд, бояд пули худро бозпас бигирад.

У афзуд, бо анҷоми бозпардохти пули ин тоифа тибқи як руйхати дигаре, ки низ додситонии кулл тартиб додааст, баргардонидани пули онҳое шуруъ хоҳад шуд, ки фаъолиятҳои корхонаи "Ҷамол"-ро бо маблағи бештар аз 1 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG